Зукоми русӣ таҳдид мекунад!

Хабари хуб 16.02.2011 00:05

grip_russionМақомоти тандурустии кишвар аз эҳтимоли сар задани мавҷи дувуми бемории зуком дар миёни сокинони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Ба гуфтаи Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, бурузи ин беморӣ дар Русия метавонад боиси сар задани мавҷи дувуми зуком дар миёни сокинони Тоҷикистон шавад.

Теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омаду рафт мекунанд ва ин амр мизони эҳтимоли воридшавии дубораи зуком ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.

Ба гуфтаи мақомҳои тандурустии Тоҷикистон, дар ду соли ахир коҳиши гирифтории сокинони кишвар ба бемориҳои нафасӣ ва зуком мушоҳида мешавад. Аъзам Мирзоев гуфтааст, ки ҳоло дар як ҳафта то 330 нафар мубталоён ба бемориҳои нафасӣ ва зуком сабт мешаванд, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камтар аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97