«Poyry» барандаи тарҳи экологии нерӯгоҳи «Роғун»

Хабари хуб 15.02.2011 12:21
RoghunШиркати "Poyry Energy Ltd"-и Шветсария барандаи музоядаи тарҳи экологии нерӯгоҳи Роғун баргузида шудааст. Музояда даҳуми декабри соли 2010 баргузор шуда буд.

Барномаи фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғунро се ширкати дигар - "Coyne et Bellier Consulting Enggineers"-и Фаронса, "Electroconsult" - и Итолиё ва "IPA Energy Water Consulting"-и Бритониё ба ӯҳда доранд.

Тарҳрезии барномаи фаннию иқтисодӣ ва ҳамчунин барномаи зистмуҳитиву иҷтимоии нерӯгоҳи "Роғун"-ро Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунад.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97