Тазоҳурот дар дигар кишварҳои арабӣ

Хабари хуб 13.02.2011 22:06

revolution2Дар зери фишори тазоҳуроти мардумӣ ба истеъфо рафтани Ҳуснӣ Муборак ба дигар кишварҳои арабӣ бе таъсир намонд. Рӯзи 12 феврал дар Яман ва Алҷазоир мардум, даст ба тазоҳурот заданд.

Дар Яман беш аз ду ҳазор нафар  ба майдонҳо баромада истеъфои Президенти кунунии кишвар Алӣ Абдуллоҳ Солиҳро, ки беш аз 30 сол аст, ки сари қудрат аст талаб намуданд. Бино ба гуфтаи коршиносон дар тӯли ҳокимияти худкомаи  Абдулло Солеҳ аксари сокинони ин кишвар дар ҳолати фақр умр ба сар мебаранд. Тибқи иттилои РИА новости, тазоҳургаронро тарафдорони президент, ки бо кордҳо ва дубинкаҳо мусаллаҳ аз майдон пароканда намуданд. Дар байни эътирозгарон беш аз се нафар захмҳои гуногун бардоштаанд.

Бино ба хабаргузори шабакаи «Алҷазира» дар Алҷазоир низ рӯзи 12 феврал бо вуҷуди мамнуъяти расмӣ, мардумони зиёде бо садоҳои «Бутафлиқа гум шав» дар майдони «Якуми Май»-и пойтахти ин кишвар ҷамъ омаданд. Ҷонибдорони хукумати кунунӣ ва тазоҳуротгарон ҳамла оварданд. Инчунин ҳукумат беш аз 25 ҳазор кормандони пулисро ба пойтахт равона намудааст. Бино ба гуфтаи ин шабака, даҳҳо нафар аз тазоҳуротгарон дасгир шудааанд, ки дар байни онҳо рӯзноманигорон низ ҳастанд. То ин дам тамоми роҳҳо ва идораҳои маъмурӣ таҳти ҳифозати кормадони пулис қарор доранд.

Раҳбарони тазоҳурот гуфтаанд, ки рӯзи шанбе беш аз ҳазор нафар дастгир шудаанд, аммо ҷониби ҳукумат, ки он рӯз беш аз 25 ҳазор полисро ба кӯчаҳо баровард танҳо аз дастгир кардани чаҳордаҳ нафар қоил асту халос. « Симои воқеи худро ин ҳукумат ошкор кард, Мо танҳо хоҳони он будем, ки бо оромӣ аз ҳукуматдорон талаб намоем, ки Алҷазоир сиёсати наверо пеш гирад, аммо онҳо моро аз ин амал манъ намуданд», гуфтааст Мустафо Бушашӣ, президенти ҳаракати мухолифини ин кишвар «Лигаи алҷазоири ҳуқуқи башар».

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аз декабри соли гузашта дар Алҷазоир тазоҳуроти пай дар пайе сар зада истодааст, ки мардум на кам аз Тунис ҷамъ омада буданд, аммо то ба ҳол режими вақтӣ тавонистааст, ки қудратро дар дасти худ нигоҳ дорад ва мардумро пароканда созад. Намоишу тазоҳурот дар ин кишвар аз соли 1992- аз замоне, ки ҷанги шаҳравндӣ байни исломийён ва дунявиён сар зада буд, расман мамнӯъ эълон шудааст. Чанде пеш Абдулазиз Бутафлиқа, президенти кишвар ваъда дода буд, ки дар «рӯзҳои наздик» ба он хотима хоҳад дод.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97