Додгоҳи шаҳри Ровалпиндии Покистон ба президенти пешини ин кишвар Парвиз Мушарраф дар робита ба куштори сарвазири собиқи Покистон хонум Беназир Бҳутто амр содир кардааст.
Додгоҳ ин амрро пас аз хулосаи Агентии федералии тафтишот қабул намудааст.
Дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки Парвиз Мушарраф натавонистааст амнияти Беназир Бҳутторо таъмин кунад, ки дар натиҷа бар асари як ҳамлаи террористї сарвазири собиқ 27 декабри соли 2007 кушта шуд. Дар ин маврид телевизиони Покистон гузориш додааст.
Парвиз Мушарраф дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Лондон ба сар мебарад. ӯ ҳизби нав ташкил карда, эълон доштааст, ки ба Покистон бармегардад. Тибқи гузориши телевизиони Покистон Парвиз Мушарраф бояд ба додгоҳи шаҳри Ровалпиндї ҳозир шавад. Гуфта мешавад, ки қарор аст мурофиаи додгоҳї рӯзи 19 феврал оѓоз гардад.