Муборак бод Миср, Муборак рафт!

Хабари хуб 12.02.2011 10:10

Muborak_0101Президенти Миср Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак зери фишор ва истодагарии мардуми кишвараш, ки дар саросари Миср 18 рӯз хостори барканории ӯ аз қудрат буданд, оқибат 11 феврали соли равон баъди  30 соли ҳукумат рондан аз мақоми хеш ночор истеъфо дод.

Замоне, ки тазоҳуроти мардумӣ идома дошт, Умар Сулаймон, ноиби Президент аз тариқи телевизиони давлатии Миср эълон кард, ки Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш истеъфо дод ва аз Маҷлиси олии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хост то идораи давлатро ба даст бигирад.
Хабари истеъфои Муборакро эътирозгарон бо шӯру шавқ ва қаноатмандӣ пазируфтанд. Онҳо баъд аз изҳороти шаби гузаштаи Муборак ҳузури худро дар майдонҳои марказии Қоҳира ва шаҳрҳои дигари Миср густариш дода, ба истеъфои билофосилаи Муборак исрор доштанд.
Дар ин рӯз садҳо ҳазор эътирозгарон дар атрофи қасри Президент Ҳуснӣ Муборак дар Ҳолеополис ва ҳам дар рӯбарӯи бинои телевизиони Миср дар наздикии майдони Таҳрири пойтахти кишвар гирди ҳам омада буданд.
Соате пеш аз эълони истеъфояш, президенти 82 сола, ки дар давоми 30 соли ахир бар Миср ҳокимият дошт,  Муборак бо аҳли хонаводааш Қоҳираро тарк гуфта, ба Шарм-ул-шайх, осоишгоҳе дар соҳили баҳри Сурх рафт.
Вай дар охирин паёмаш ба мардуми Миср, шаби панҷшанбеи 10 феврал такроран гуфт, ки Мисрро тарк нахоҳад кард ва дар хоки кишвараш мемирад.
Барак Обама, президенти ИМА гуфтааст, ки мисриҳо дунёро дигар карданд ва ҷавонони Миср бояд рӯҳияи бунёди ояндаи хешро ҳифз кунанд. Дар изҳороташ, ки пас аз се соати эълони истеъфои Муборак садо дод, Обама гуфт, ки Миср дигар он Мисри пешин нахоҳад буд. Амрико ба ҳайси коршарики Миср боқӣ мемонад ва амрикоиҳо дар ҳоли дархости мисриҳо ба имдод омода хоҳанд буд.
Ноиби президенти Амрико Ҷо Байден дар Вашингтон 11 февралро як рӯзи таърихии Миср номид. Вай баъд аз нашри хабари истеъфои Ҳуснӣ Муборак гуфт,  ки бояд ҳуқуқи умумбашарии мардуми Миср муроот ва ба ормонҳои ин мардум расидагӣ шавад.
Байден афзудааст, ки гузарише, ки акнун ба вуқӯъ мепайвандад, бояд як тағйири баргаштнопазир ва ҳаракати бомаслиҳат ба сӯи демократия бошад.
Сарвазири Олмон Ангела Меркел изҳор доштааст, ки дар Миср тағйире ба самти хубӣ оғоз хоҳад ёфт. Исроил умедвор шуд, ки дигаргунӣ дар Миср ба нақзи равобити сулҳомези байни ду кишвар сабаб нахоҳад гашт. Президенти Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод аз рафтани Муборак истиқбол кард.
Тибқи хабарҳои расида барои таҷлил аз истеъфои Муборак сокинони Тунис, Навори Ғазза ва Лубнон ба кӯчаву хиёбонҳо баромадаанд.
Пан Ги Мун, дабири кулли СММ бори дигар ба интиқоли шаффоф, осоишта ва муназзами Миср ба демократия даъват кард. Вай гуфт, ки ман аз мардуми Миср барои чунин шеваи ҷасурона ва муназзами ҳақталабиашон ситоиш мекунам. Ман аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунам, корро бо ҳамин шева идома диҳанд. Мавсуф илова кардааст, ки Созмони милали муттаҳид омодаи кӯмак ба ин раванд хоҳад буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97