Тоҷики бар асари таркиши Домодедово захмӣ шуда даргузашт

Хабари хуб 02.02.2011 12:30

Domodedovo_0101.jpegЧуноне хабар дода шуд бар асари таркиши мудҳиши шоми 24 январ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рух дода, 35 тан кушта ва беш аз 170 нафар, ки  шаҳрвандони кишварҳои мухталифи олам будаанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористонҳои пойтахти Русия бистарӣ гардидаанд.

Дар ин ҳамлаи маргбор 2 тан ҳамватанони мо ба марг расидаву 14 тани дигар захмӣ шуда буданд, ки ҷасади он ду мақтули ормониро аз тариқи ҳавопаймо рӯзи 26 январ ба Душанбе оварда ба наздиконашон супориданд. Ва инак сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод, ки шаби 1 феврал боз як тоҷикписаре ба исми Силманов Салим Муносибшоевич, соли таваллудаш 31 майи соли 1969, ки дар таркиши Домодедово ҷароҳати вазнин бардошта буд, аз дунё даргузашт. Номбурда зодаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон мебошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97