Аз оғози соли нави мелодӣ Тоҷикистон аз Узбакистон ҳар киловат соат барқро бар ивази 4,7 сенти амрикоӣ харидорӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта арзиши барқи Узбакистон барои Тоҷикистон 4 сент муқаррар шуда буд.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзи сокинони водии Зарафшон, ҳар шабонарӯз то 700 ҳазор киловат соат нерӯи барқ харидорӣ мекунад.
Як масъули ширкати “Барқи тоҷик”, Одинамаҳмад Чоршанбиев, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ин миқдор нерӯи барқ асосан барои бароварда сохтани ниёзи сокинони шаҳр ва ноҳияи Панҷакент масраф мешавад.
Хатти нерӯи барқи 110-киловата, ки аз Душанбе то ба ноҳияи Айнӣ кашида шудааст, имкон медиҳад, ки то андозае сокинони ин минтақа ва ноҳияи кӯҳистонии Мастчоҳ аз нерӯи барқ бархурдор шаванд.
Вале то замони анҷоми хатти барқи наве, ки аз Хуҷанд то ба Айнӣ кашида мешавад, Тоҷикистон ночор аст, нерӯи барқ барои шаҳри Панҷакентро аз кишвари ҳамсояи Узбакистон фароҳам кунад.
Ҷаноби Чоршанбиев гуфтааст, ки қимати феълии нерӯи барқи тавлиди Узбакистон барои Тоҷикистонро наметавон баланд арзёбӣ кард. Зеро сокинони Узбакистон худ низ барои истифода аз нерӯи барқ ҳамин маблағро пардохт мекунанд.
Вай афзудааст, ки миёни ширкати “Барқи тоҷик” ва ниҳодҳои зирабти Узбакистон тавофуқ шудааст, ки танҳо то якуми феврал арзиши барқ барои Тоҷикистон 4,7 сент муқаррар мешавад. Вай афзудааст, ки баъд аз якуми феврал эҳтимоли афзоиши ин қимат низ вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, дар як нишасти матуботӣ дар ҳафтаи ҷорӣ эълом кардааст, ки ин ширкат аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳои он моли давлати Русия аст, беш аз 26 млн. доллар қарздор аст.
Зимнан, “Барқи тоҷик” нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳро бо қимати се сенти амрикоӣ харидорӣ мекунад. Ҳарчанд, сокинони Тоҷикистон то ҳол бар ивази ҳар як киловат соат нерӯи барқ танҳо то ду сенти амрикоӣ пардохт мекунанд.
Вале ин мушкил ахиран то андозае ҳал шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ дар чорчӯби як тарҳи худ, ки кумак ба бахши энергетикии Тоҷикистонро ҳадаф дорад, беш аз 7 млн. доллар аз қарзҳои “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро пардохт кардааст.