Зайналобиддин Маноновро, ки бо лақаби “Эшони Зайналобиддин ” маъруф аст, Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муддати панҷ сол равонаи зиндон кард.
Додгоҳи олӣ Зайналобиддин Маноновро барои даъват ба ҷиҳод, узвият дар равияи Салафия ва «барангехтани низоъ ва хусумати мазҳабӣ гунаҳкор донист.
Ба гуфтаи судя Анвар Аҳмадов, Зайналобиддин Манонов дар мавъизаҳояш дар масҷиди ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, баргузории маросимҳои мотамии ҳафту чилрӯзагӣ ва соли майитро, ки гӯё дар мазҳаби Ҳанафӣ роиҷ будааст, макрӯҳ хондааст.
Ҳамчунин, Анвар Аҳмадов гуфтааст, Эшони Зайналобиддин дар намози таровеҳ ба ивази 20 ракаат, танҳо 8 ракаат хонданро фармудааст, ки ин амр боиси пайдоиши низоъ миёни сокинони ноҳияи Нуробод шудааст.
Зайналобиддин Манонов дар поёни моҳи сентябри соли гузашта, пас аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт ба хотири ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои шӯришӣ дар ин минтақа ба иттиҳоми “барангехтани низои мазҳабӣ ва даъват ба ифротгароӣ” боздошт шуда буд.
Додситони кулл, Шерхон Салимзода, дар моҳи октябри соли гузашта ба хабарнигорон гуфта буд, Зайналобиддин Манонов, имом-хатиби масҷиди деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод дар Покистон таълимоти мазҳабӣ гирифта ва ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт, ки давлат аз онҳо ба унвони гурӯҳҳои террористӣ ёд мекунад, иртибот доштааст.
Шерхон Салимзода таъкид дошт, ки Зайналобиддин Манонов “бо гурӯҳҳои террористӣ иртиботи наздик доштааст” ва “чаҳор писар ва се хешованди наздики ӯ низ аъзои гурӯҳҳои террористӣ” будаанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, ҷаноби Манонов дар манзили худ ба ҷавонон тарзи пешбурди фаъолиятҳои чирикиро таълим медодааст.