Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳфили “Шоҳномахонӣ” оғоз ба кор кард. Таи 15 соли ахир ин барои нахустин бор аст, ки дар донишгоҳи Кӯлоб расман чунин маҳфиле фаъол мегардад. Ҳангоми ифтитоҳи ин маҳфил Нуралӣ Солеҳов гуфт, ин маҳфил дар доираи паёмҳои солҳои гуногуни президенти кишвар, ки мусоидат ба худшиносии миллиро талаб мекунанд, ба кор оғоз кардааст.
-Мо бо донишманди шинохта ва раиси анҷумани “Пайванд” дар минтақаи Кӯлоб Зафар Мирзоён машварат кардем ва тасмим гирифтем, то ин нуктаи паёмҳои президенти кишвар, яъне боло бурдани худшиносии миллиро дар амал тадбиқ намоем. Ин шахсият низ зуд барои баргузории чунин маҳфил розӣ шуданд,-изҳор дошт, Солеҳов.
Дар ҳамин маврид, Зафар Мирзоён, раиси анҷумани “Пайванд” дар минтақаи Кӯлоб гуфт, “баргузории чунин маҳфил, яке аз даҳҳо корест, ки бояд анҷумани “Пайванд” анҷом бидиҳад. Ва дар ин маҳфил рисолати анҷумани “Пайванд” пайвандгари ҷавонон ба гузаштаи дур ва боифтихори миллати тоҷик аст. ”
Нидои Назарбаланд, як донишманди иронӣ, ки дар бозкушоии маҳфил ҳузур дошт, гуфт: “Ин ҷо дар як сӯҳбати кутоҳе, ки бо Зафар Мирзоён доштам, дарк кардам, ки воқеан эшон дар мавриди шоҳкитоби Ҳакими Тус таҳқиқҳои мушикофона доштаанд. Дарк кардам, ки ӯ беҳтарин устоди тадрисдиҳандаи “Шоҳнома” аст”.
Рустами Набот, сухангӯи ректори Донишгоҳи мазкур ҳангоми сӯҳбат гуфт: “Пештар ҳам бо ибтикори Зафар Мирзоён маҳфили “Шоҳномахонӣ” амал мекард. Устод на танҳо аз ин китоб, балки дигар мавзуҳоро ҳам ба шогирдон таълим медод. Банда ҳам дар он маҳфилҳо ширкат доштам ва бардоштам аз маҳфилҳо ин аст, ки агар дар тамоми гӯшаи Тоҷикистон мисли устод сад нафар бошад, ҷавонон дар беҳтарин рӯҳия тарбия хоҳанд ёфт”.
Гулрухсор Нозимова, аспиранти Донишгоҳи миллӣ ва собиқ узви ин маҳфил афзуд: “Устод Мирзоён замоне, ки ба корҳои масъул банд буданд, вақт ёфта, бидуни ягон талаб моро таълим медоданд. Имрӯз ҳамаи шогирдони устод, ки панҷ шаш сол пеш дар маҳфил иштирок доштанд, дар дохилу хориҷи кишвар аспирантанд ва ё хатм карда, ба ҷомеа хизмат мекунанд. Ҳама кори илмӣ мекунем. Бе муҳобо ин натиҷаи маҳфили устод буд, ки моро бо роҳи нек ва созанда ҳимоят менамуданд”.
Дар поёни бозкушоии маҳфил низ ректори Донишгоҳ гуфт, мо умеди қавӣ дорем, ки дар ин маҳфил бо раҳбарии донишманди шинохта, беҳтарин фарзандҳои миллат тарбия хоҳанд ёфт.
Мӯъмин Аҳмадӣ