Дар ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти раёсати шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 29 январ нахустин ҷаласаи ситоди пойтахт оид ба омодагиҳо дар бораи баргузории Наврӯзи байналмилалии соли 2011 сурат гирифт.
Дар кори ситод муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент Ҳамидуллохон Фақиров, вазирони фарҳанг ва маориф Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонов, ректорони донишгоҳҳо, санъаткорону ҳунармандон ва оҳангсозони дар сенарияи наврӯзӣ ширкаткунанда иштирок намуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба моҳият ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалии дар пойтахт таҷлилшаванда нигаронида, вобаста аз ҷузъиёти сенарияи тасдиқгардида бобати шурӯъи корҳои омодагӣ дастурҳои мушаххас дод.
Бо дарназардошти ҷалби васеъи иштирокдорон дар барномаҳои театрикунонидаи маъракаи Наврӯзӣ, ки аз нирӯи донишҷӯён истифода мешавад, муқаррар сохт, ки тибқи нақшаи бо ректорони донишгоҳҳо мувофиқашуда бидуни халалдор намудани ҷараёни таълим бо тарҳрезии соат ва бахшҳои тамринӣ машқҳои омодагӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин зимн дастур шуд, ки ҷиҳати ташкили хӯроки яквақта ба донишҷӯён, таъмини ҳолати санитарӣ дар машқгоҳ Наврӯзгоҳи шаҳрӣ ва пардохти хароҷоти роҳкирои онҳо ба ҳангоми иштирокашон дар машқҳои омодагӣ тадбирҳои воқеъӣ андешида шавад.
Ҳамчунин дар ҷаласа калиди манзилҳои чаҳорҳуҷрагӣ ба ҳунармандони барномаи телевизионии «Лаҳзаҳои гуворо» Холмурод Сиддиқов, Нуриддин Насриддинов, Гулбибӣ Абдулҳайева, Ҷамшед Ҳалимов ва манзили сеҳуҷрагӣ ба навозандаи ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио Губаҳор Шокирова мутобиқ ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар тақдим карда шуданд. Дар ин бора ба «Миллат» Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар дод.