Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Музаффар Давлатов, падари Аловуддин Давлатовро, ки бо лақаби Алии Бедакӣ машҳур аст, боздошт кардааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки падари Аловиддин Давлатов ё Алии Бедакӣ, барои даст доштан дар чанд ҷинояти вазнин, алалхусус барои хабар надодан ба мақомот дар мавриди содиршавии ҷиноят дастгир шудааст.
Нисбат ба амъмоли содиркардаи Музаффар Давлатов, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ин қазия тавассути прокурори низомии Прокуратураи генералӣ ҷараён дорад.
Зимнан, додгоҳи шаҳри Душанбе дар охирҳои ҳафтаи гузашта Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ ва узви ҲНИТ-ро ба 11,5 соли зиндон маҳкум кардааст.