Барқияи шаҳрдории Маскав ба Сафири Тоҷикистон

Хабари хуб 30.01.2011 15:01

Dostiev

Ба ҳамватанони осебдида дар фурудгоҳи «Домодедово»

Ба таваҷҷӯҳи ҳамватанони осебдида дар таркиши фурудгоҳи «Домодедово»-и ш. Москва ва пайвандони онҳо дар зер барқияи Департаменти ҳимояи иҷтимоии аҳолии шаҳри Москва унвонии Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оварда мешавад.

Барқияи ҳукуматӣ

Москва, 121/8 198, 27/1,

«Муҳтарам Абдулмаҷид Салимович,

Департаменти ҳимояи иҷтимоии аҳолии шаҳри Москва ба сабаби фавти фоҷиавии ҳамватанони шумо – Собир Мамадҷонович Ҷабборов,соли таваллудаш 20.06.1963 ва Мурод Худойназарович Ҳақназаров, соли таваллудаш 26.09.1987 амиқан изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон ба таваҷҷӯҳ мерасонад, ки бино ба фармоишҳои Ҳукумати Федератсияи Россия №58-Р аз санаи 25.01.2011 ва Ҳукумати ш. Москва №52 – РП аз санаи 25.01.2011 ба хонаводаҳои фавтидагон кумакпулӣ расонида мешавад.

Кумакпулӣ дар Департаменти ҳимояи иҷтимоии аҳолии шаҳри Москва, воқеъ дар нишонии: ш. Москва, кӯчаи Новая Басманная, бинои 10, сохтмони 1 (баромад аз истгоҳи метрои «Красные ворота» ба сӯи кӯчаи Новая Басманная) супорида мешавад.

Барои гирифтани кумакпулӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод кард:

- шиносномаи шахси муроҷиаткунанда;

- гувоҳнома дар бораи марги шахси фавтида

- ҳуҷҷати таъйидкунандаи хешутаборӣ бо шахси фавтида (гувоҳнома дар бораи таваллуд, дар бораи ақди никоҳ ва ғайра)

- қарор дар бораи ҷабрида (аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳия карда мешавад)

- рақами ҳисоби шахсӣ дар муассисаи бонкӣ бо нишон додани реквизитҳои бонкӣ (ИНН, КПП, БИК ва ғайра)

Вазири Ҳукумати Москва, Роҳбари Департаменти ҳимояи иҷтимоии аҳолии ш. Москва – В.А.Петросян».

Кумакпулии Ҳукумати Федератсияи Россия ба ҷабрдидаҳо ва хонаводаи фавтидагони таркиши рӯзи 24 январи 2011 дар фурудгоҳи «Домодедово» дар ҳаҷми зерин аст:

- ба хонаводаҳои фавтидагон ба андозаи 3 000 000 рубл (ба ҳар як фавтида)

-  ба шахсони осебдида:

а) бо ҷароҳати вазнин ва миёна – 1 900 000 рубл

б) бо ҷароҳати сабук – 1 200 000 рубл

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани кумакпулӣ:

- шиносномаи шахси муроҷиаткунанда;

- ҳуҷҷати таъйидкунандаи хешутаборӣ бо шахси фавтида (гувоҳнома дар бораи таваллуд, дар бораи ақди никоҳ ва ғайра)

- қарор дар бораи ҷабрида (аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳия карда мешавад)

- рақами ҳисоби шахсӣ дар муассисаи бонкӣ бо нишон додани реквизитҳои бонкӣ (ИНН, КПП, БИК ва ғайра)

Хадамоти консулии Сафорат барои саҳеҳу дуруст омода кардани ҳуҷҷатҳо бо машварату роҳнамоиҳо мусоидат менамояд. Дар сурати пайдо шудани саволу нофаҳмиҳо метавон тавассути шумораи телефонҳои  +7 495 690 52 81;  +7 495 690 41 86 бо Сафорат дар тамос шуд.

Хадамоти матбуотии Сафорат

 


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97