Ҳазорон тан дар Уммон, пойтахти Урдун ва шаҳрҳои дигари ин кишвар рӯзи 28 январ ба ҳамойиши эътирозӣ баромада, хостори ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва истеъфои ҳукумат гардидаанд.
Бино ба навиштаи сомонаи "Озоди" тазоҳургарон дар шаҳри Уммон ба ҷонибдории ҳамойиши мардуми Миср овоз баланд кардаанд. Тавре мақомоти интизомии Урдун гуфтааст дар шаҳрҳои Арбид ва Карак ҳам 2 ҳазор мардуми ин кишвар бо даъвати гурӯҳи Ихвон-ул- муслимин ба намоиши эътирозӣ баромадаанд. Ин ҷумъаи сеюм аст, ки дар мамолики арабии Миср ва Урдун бо илҳом аз тазоҳуроти Тунис ҳамойишҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Шоҳи Урдун Абдуллоҳ қавл додааст, ки даст ба ислоҳоти ҷидии сиёсиву иқтисодӣ хоҳад зад.