Дар Албания рӯзи 28 январ дар назар аст, ки тазоҳуроти зидди давлатӣ баргузор шавад. Тарафдорони ҳизби мухолифи сотсиалист қасд доранд, дар пойтахти ин кишвар шаҳри Тирана ба ёди се тазоҳургари як ҳафта қабл кушташуда раҳпаймоӣ созмон бидиҳанд.
Мақомоти пулиси ин кишвар ҳушдор додаааст, ки оқибати хуб доштани тазоҳуротро замонат дода наметавонад. Бо изҳори нигаронӣ аз имкони хушунатҳо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз аъзои ҳизби сотсиалисти Албания хостаанд, ки тасмими раҳпаймоияшонро бознигарӣ кунанд. САҲА аз сарвазир Солеҳи Бериш ва раиси ҳизби сотсиалист Идӣ Рама даъват кард, то гуфтушунидро аз сар бигиранд.