Ал-Бародаӣ: "Муборак бояд биравад"

Хабари хуб 28.01.2011 11:09

el_baradeiЭътирозҳо дар Миср бо вуҷуди саркӯбӣ аз сӯи пулис, дар пайи бозгашти Муҳаммад Бародаӣ, вориди нуқтаи атфи худ мешавад. Сомонаи "Озоди" хабар додааст, ки ин эътирозҳо, ки то кунун як раҳбари воҳид надошт, метавонад Бародаиро ба ин ҳайс ва ба сифати рақиби билқувваи Муборак, ки ҷаҳон ҳам эътироф ва эҳтиромаш мекунад, бипазирад.

 

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Бародаӣ, ки баъд аз истеъфояш аз раёсати Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ раҳбарии як ҷунбиши ислоҳот дар Мисрро бар ӯҳда гирифт ва ба як чеҳраи ангуштнамои мухолифини Муборак табдил ёфт, дирӯз вориди Қоҳира шуд, то дар эътирозҳои зиддидавлатӣ ширкат варзад.

Ал-Бародаӣ дирӯз қабл аз тарки Вена ба қасди пойтахти Миср ба хабарнигорон гуфт, ҳадафаш аз бозгашт раҳбарии эътирозҳо нест, балки агар мисриҳо аз ӯ бихоҳанд, ба роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ дар он кишвар кӯмак хоҳад кард: “Ман бо мардум хоҳам буд, аз ҷумла бо ҷавононе, ки эътирозҳои осоиштаро дар хиёбонҳо ташкилу роҳандозӣ ва раҳбарӣ мекунанд. Ва ман тамоми он ҳимояти сиёсиву маънавиеро, ки аз дастам меояд, бояд ба онҳо бикунам. Ман бо онҳо хоҳам буд. Ин мардуми ман аст ва ман бояд он ҷо бошам ва умедворам, ки як Мисри навинро бубинам.”

Эътирозҳои зидди давлат дар Миср таҳти шиорҳои аз байни бурдани фақру фасоду бекорӣ, маоши муносиб ва ҳам бо талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак, ки аз соли 1981 ба ин сӯ 30 сол боз бар ин кишвари арабии Ховари Миёна ҳукумат меронад, аз рӯзи сешанбе ба ин тараф идома дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97