Издивоҷро бо хориҷиҳо маҳдуд мекунанд

Хабари хуб 27.01.2011 16:00

Ё ҳар хориҷие духтари тоҷикро ба ҳамсарӣ мехоҳад, барояш хона бихарад

 svadbaМаҷлиси намояндагон бо ислоҳи Кодекси оила издивоҷи мардуми кишварро бо шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд кард.  Он шаҳрвандони хориҷие, ки тайи як соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, метавонанд, бо сокини кишвари мо оила барпо кунанд.

Ин нуқта яке аз муҳимтарин тағйироти воридшуда ба Кодеси оилаи Тоҷикистон буд, ки дар Маҷлиси намояндагон баъди баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ ва бо аксари овози вакилон қабул гардид.

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқов, ки моҳияти тағйирот ба Кодекси оиларо ба вакилони парлумон шарҳ додаст, изҳор дошт, ки дар аксари мавридҳо шаҳрвандони хориҷӣ бидуни кадом уҳдадорӣ ва эҳсоси масъулият бо духтарони тоҷик оила барпо мекунанд. Вале бо анҷоми ёфтани замони будубош ва ё бо сабабҳои дигар, ки кишвари моро тарк мекунанд, ин оилаҳоро ба ҳоли фаромӯшӣ месупоранд.  Ба қавли Холиқов давлат, ки вазифаи ҳимояти ҳуқуқи сокинони худро бар уҳда гирифтааст, зарур медонад аз афзоиши ин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ кунад. Мавсуф афзудааст, ки бар асоси ислоҳоти воридшуда ба Кодекси оила, шаҳрванди хориҷӣ ба ҳангоми пешниҳоди аснод барои сабти расмии никоҳ, уҳдадор аст, ки аҳдномаи никоҳро низ имзо бикунад. Ва яке аз шартҳои ин аҳднома бо манзили зисти шахсӣ таъмин кардани ҳамсар ва фарзандон аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ аст.

Абдуманнон Холиқов мегӯяд, ки дар сафорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бархе аз духтарони тоҷик, ки ҳамакнун аз шавҳарони хориҷии худ ҷудо шудаанд, аз нақзи ҳуқуқи худ шикоят кардаанд. Ва ба ин далел, ки чунин ҳодисаҳо афзоиш меёбад, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин масъаларо дар сатҳи ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дод.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин меъёри қонун, ки шаҳрванди хориҷиро вазифадор мекунад хонаводаи худро ҳатман бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин кунад, то андозае мушкил хонд. Вай афзуд, ки барпо кардани оила як ғаризаи ҳаётӣ аст ва намешавад талабҳоеро қонунӣ кард, ки иҷрои онҳо ба ҷойи рафъи мушкил, мушкили дигар пеш оварад.

Намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси намояндагон Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи модарони танҳои тоҷик, ки аз шавҳарони хориҷӣ ҷудо шудаанд як мушкили илова ба буҷаи давлат шудааст. Аз ин рӯ давлат барои ҷилавгирӣ аз идома ва афзоиши чунин ҷараён ва ҳифзи ҳимояти сокинони худ, даст ба чунин иқдом задааст.

Тибқи хабари вазорати адлияи Тоҷикистон дар панҷ соли ахир беш аз дувуним ҳазор ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиҳо ба қайд гирифта шуда вале аз ин ҳисоб то ба имрӯз 600 оила аз ҳам ҷудо шудааст. Ҳоло духтарони тоҷик бо намояндагони сӣ кишвари хориҷӣ оила барпо кардаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97