Хонаи касе барандохта шуд, хона мегирад

Хабари хуб 27.01.2011 14:22

20 январ дар Кохи «Пойтахт» масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.imgnews1446230608

Таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон бештар ба масъалаи барандохта шудани манзилҳои зисти сокинони мавзеъи Ипподром, таъсиси Ситоди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, тақсими замин ҷиҳати бунёди манзилҳо дар маҳаллаи «Ховарон», таъмини аҳолӣ бо оби ширин, барқ, газ ва мушкилот дар самти мусофиркашонӣ нигаронида шуда буд. Хабар дода шуд, ки тайи соли гузашта шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев шахсан 1090 муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ кардааст, ки беш аз нисфи ин муроҷиатҳо дар масъалаи таъмин бо манзили зист ва гирифтани қитъаҳои  замин будааст. Сайвалӣ Сафаров, муовини раиси шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки 231 манзили зисти мардум дар мавзеъи Ипподром ба хотири бунёди Наврӯзгоҳ барандохта мешавад. Дар навбати аввал 57 хона ва баъдан бо навбат боқӣ манзилҳо вайрон карда мешаванд. Ба мардум тибқи қонунҳои мавҷуда манзили зисти баробар бо арзиш ва масоҳати хонаҳои харобшудаашон дода мешавад. Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон сардори Ситоди махсуси тафтиши шиносномаҳо гуфт, ки дар пойтахти кишвар аз рӯзи 15 январ то 15 феврали соли ҷорӣ амалиёт оғоз ёфта ва он як моҳ идома меёбад. Мақсад аз баргузории ин амалиёт ошкор намудани ашхосест, ки дар шаҳри Душанбе бе доштани қайди расмӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва ғайриқонунӣ аз манзилҳои зист истифода менамоянд.  Насрулло Хайруллоев ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳайати Ситоди мазкур намояндагони мақомоти милиса, амният, андоз, кумитаи варзиш ва ҷавонон, кумитаи кор бо занон, раисони маҳаллаҳо шомиланд.

Дар сурати ошкор шудани ашхосе, ки ғайриқонунӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, аз рӯи қавонини мавҷудаи кишвар тадбирҳо андешида хоҳад шуд.

Тибқи омори расмӣ имрӯз дар Душанбе беш аз 730 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Вале бар асоси ахбори манбаъҳои ғайрирасмӣ дар пойтахт зиёда аз як миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрдорӣ дар таъмини онҳо бо нақлиёти мусофирбар, оби ошомиданӣ, хадамоти коммуналӣ ва барқ мушкилот дорад.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97