25 январ раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҷаноби Абдуфаттоҳ Саидов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ орост.
Хабарнигори «Миллат» дар мавриди он ки пас аз интишори матлабе дар ин рӯзнома аз моҳи декабри соли 2009 оид ба мавзӯъи фасод дар вазорати кишоварзӣ масъулини вазорати номбурда аз болои нашрияи «Миллат» ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурдаву инак қариб як сол боз қазияи мазкур дар муҳокимаи додгоҳӣ қарор дорад, сӯҳбат карда, аз раиси Агентӣ пурсид, ки оё аз ҷониби судяи парвандаи «Миллат» дар мавриди маводи иловаи зарурӣ ва марбут ба мавзӯъи фасод дар сохтори вазорати кишоварзӣ ба унвони идораи Шумо дархости расмие расидааст ё хайр, Абдуфаттоҳ Саидов чунин посух гуфт: «Ман аз қазияи «Миллат» огоҳ ҳастам. Ҳар шумораи ин нашрияро мутолиа мекунам. Он чизе, ки шумо навиштед, дар мавриди вазорати кишоварзӣ ман дар гузашта ҳам гуфта будам, ки он дар асоси факту рақамҳо аст. Ҳеҷкас инро гуфта наметавонад, ки мо ҳамон ниҳодро бигӯем фасодзада нест. Соли гузашта вазорати хоҷагии қишлоқ буд, имсол навбат ба вазорати маориф расид. Ман медонам. Кӣ мегӯяд, ки «дӯғи ман туруш аст?» Ман ҳатто супориш додам, ки ҳамаи он ҷиноятҳое, ки шудааст, ҳамон рақами тартибӣ ё тавре мегӯем, фабулаи парвандаи ҷиноиро навишта ба вазорати кишоварзӣ равон кунанд, ки онҳо огоҳ шаванд, ки ҳамин гуна ҷиноят дар ҳақиқат ҳаст. Ман мушаххасан ба он дархости суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷавоб навишта додам.»
«Миллат»