Вакилон хотираи куштаҳоро пос доштанд

Хабари хуб 26.01.2011 13:01

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзии хеш (26 январ) хотираи ду шаҳрванди кишварамонро, ки бар асари таркиши дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рух дода кушта шудаанд, бо лаҳзае хомӯшӣ пос доштаанд. 

Ин пешниҳод аз ҷониби вакили мардум аз Ҳизби халқии демократӣ Давлаталӣ Давлатзода сурат гирифтааст.
Хотирасон менамоем, ки бар асари таркиши мӯҳлики шоми 24 январ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод кушта ва 16 тан ҷароҳат бардошта дар беморхонаҳои пойтахти Русия бистарӣ гардидаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97