Эътирозгарон истеъфои президентро мехоњанд
Њазор тан аз норозиёни давлат истеъфои президенти Миср Њуснї Муборакро таќозо кардаанд.
Кормандони маќомоти интизомии ин кишвар дар пойтахти Миср шањри Ќоњира бо истифода аз тирњои резинї ва гази ашковар эътирозгаронро пароканда кардаанд. Дар њамойишњое, ки бо илњом аз эътирозњои кишвари Тунис баргузор гардид, ду тан тазоњургар ва як афсари пулис кушта шудаанд. Давлати Амрико шарики наздик ва кўмакрасони бузурги Миср њамаи љонибњоро ба хотири љилавгирї аз хушунат ба худдорї даъват кардааст.
25 январ нируњои мухолифини Миср, ки аз комёбии эътирозњо дар Тунис рўњбаланд шудаанд, бар зидди фаќру фасод, фишори давлат ва њам бо таќозои аз мансаби олии давлатї рафтани президент Њуснї Муборак, ки 30 сол боз бар ин кишвар њукумат меронад, мардумро ба хиёбонњо хондаанд.
Намоишњои эътирозї дар манотиќи мухталифи Миср ба нируи бузурги пулис рў ба рў шудаанд. Пулис бар зидди тазоњургароне, ки дар шањри Ќоњира хиёбону растањоро сангарбандї ва истеъфои Њуснї Муборакро талаб мекарданд, аз гази ашковар истифода бурд.
Бо вуљуди чунин бархўрди шадиди пулис рўзи 25 январ майдони Тањрир ва соњилњои рўди Нил дар Ќоњира шоњиди гирдињамоии зиддидавлатие буд, ки тайи 30 соли њукумати Муборак ками дар кам мушоњида мешуд. Тазоњургарон шадидан истеъфои Њуснї Муборакро талаб мекарданд. Бузургтарин созмони мухолифини Миср Ихвон- ул – муслимин расман ба ин эътирозњо напайваста, вале гуфтааст, ки аъзояш метавонанд бо хости хеш дар он ширкат биварзанд. Тибќи ахбори расида танњо дар Ќоњира барои муќобила бо эътирозгарон на камтар аз 30 њазор кормандони пулис равона шудааст. Тазоњургарон дар пойтахти ин кишвар дар назди бинои Додгоњи олї шиореро баланд карда буданд, ки “Роњи њалли масъала Тунис аст.”