Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури баёнияе эълом кард, ки дар таркиши Маскав 12 шаҳрванди кишвар захм бардоштаанд. Вазъи сиҳатии панҷ нафар аз онҳо вазнин аст.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин аз таъсиси як ситоди вижа дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон феҳристи 12 шаҳрванди захмишудаи кишвар дар таркиши фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро низ нашр кардааст.
Дар шифохонаи ¹7, шаҳри Маскав:
1. Искандаров Саидбек, соли таваллудаш 1968, аз ноҳияи Ваҳдат, ҳолаташ миёнаи вазнин;
2. Ғафуров Бахтиёр Мухторович, соли таваллудаш 1968, ҳолаташ миёнаи вазнин;
3. Кенҷаев Саъдулло Ҳайдарович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.
Дар шифохонаи ¹12, шаҳри Маскав:
1. Маҷидов Маъруф Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 15.07.1984, сокини Душанбе, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, ҳолаташ вазнин;
2. Умеди Аллобердӣ, соли таваллудаш 23.05.1987, аз ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, ҳолаташ миёнаи вазнин;
3. Одинаев Холмуҳаммад Масидинович, 20 сола, шаҳрванди ҶТ, ҳолаташ миёнаи вазнин;
4. Соҳибов Соҳиб Баҳриддинович, соли таваллудаш 05.04.1985, шаҳрванди ҶТ, ҳолаташ вазнин.
Дар шифохонаи 115, шаҳри Маскав
1. Худоёров Мансур Холматович, соли таваллудаш 1982, ҳолаташ миёнаи вазнин.
Дар пажӯҳишгоҳи ёрии фаврии ба номи Н.В. Скилофосовский:
1. Ҳасанов Нурулло Холматович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.
Дар шифохонаи шаҳри Видное:
1. Мӯминов Алишер Додоҷонович, соли таваллудаш 1977, аз н. Б. Ғафурови вилояти Суғд, ҳолаташ миёнаи вазнин (ӯро ба ФМБА ба номи Бурназян газарониданд).
Дар шифохонаи ¹83, шаҳри Маскав:
1. Бобоев Сафар Юлдошевич, соли таваллудаш 26.11.1983, ҳолаташ миёнаи вазнин.
Дар пажуҳишгоҳи ба номи Бурденко, шаҳри Маскав:
1. Силманов Салим Муносибшоевич, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.