Ҳамлаи маргталабӣ дар Домодедово ҷони як тоҷикро ҳам гирифт

Хабари хуб 24.01.2011 20:53

Domodedova

Дар миёни захмиёни ин амали террористӣ тоҷикон низ ҳастанд

Дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав соати 16. 32 дақиқаи рӯзи 24 январи соли ҷорӣ таркише ба амал омад, ки бар асари он беш аз 35 тан ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни куштагони ин ҳамлаи хунин шаҳрванди Тоҷикистон Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонови 47 сола низ ҳаст.

Шоҳидон қисса кардаанд, ки марде тақрибан 30- 35 сола, ки чеҳрааш ба мардуми Қафқоз шабоҳат доштааст, соати 16. 32 дақиқа вориди толори истироҳати мусофирон дар фурудгоҳи Домодедово гашта таҳдид кардааст, ки «ҳамаатонро мекушам» ва дар ҳамин лаҳза таркиши сахте ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки бар асари ин таркиш ҳамчунин зиёда аз 180 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба макони ҳодиса беш аз 60 гурӯҳи кормандони соҳаи тиб фиристода шуда, захмиёни ин ҳодиса дар 12 беморхонаи калони шаҳри Маскав ҷой дода шудаанд. Ба қавли масъулини мақомоти интизомии Русия таркиш эҳтимолан аз тарафи як ё се ҳамлавари худкуш дар толори қабули мусофирон замоне ба вуқӯъ пайваст, ки одамон мехостанд, бору колои хешро бигиранд. Неруи таркиш ки ба  7 килограми тротил баробар дониста мешавад, ба андозае будааст, ки 31 тан дар макони ҳодиса ҷони хешро бохтаанд. Ин бузургтарин ҳамлаи маргталабӣ дар ҷаҳон мебошад, ки он дар фурудгоҳ рух додаст. Дар миёни захмбардоштагон аз ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Туркия, Сербистон, Украин ва Тоҷикистон ҳастанд. Ситораи театр ва синамои кишвари Словакия Зузана Фиалова, ки он рӯз ҳамчун сайёҳ ба Маскав омада будааст, ҷароҳат бардошта алъон дар яке аз бемористонҳои пойтахти Русия бистарӣ мебошад. Нахуствазири Русия Владимир Путин таҳқиқи ин ҳодисаро шахсан худаш зери назорат дорад. Дмитрий Медведев, президенти Русия, ки қарор буд 25 январ ба шаҳри Давоси Шветсария сафар бикунад, ҷиҳати ҳаводиси маълуми хунбор аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намудааст.
Пан Ги Мун, дабири кулли СММ, президенти Амрико Барак Обама, канслери Олмон Ангела Меркел ва сарони дигар кишварҳо ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Домодедовои Маскавро сахт маҳкум карда гуфтаанд, ки барои ҳамкорӣ бо Русия дар роҳи мубориза бо терроризм омодаанд.
Мақомоти амниятии Русия аз тарафи президенти ин кишвар Дмитрий Медведев дастур гирифтаанд, ки дар зудтарин фурсат гунаҳкорони ин ҳамларо пайдо кунанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия номи 9 тоҷик ва шаҳрвандони кишвари моро дар радифи захмиёни таркиш овардааст.
Дар навори видеоии як шоҳиди ҳодиса, ки рӯзномаи "Комсомолъская правда" дар торнамои худ нашр кардааст, садоҳое ба забони тоҷикӣ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла касе хитоб мекунад, ки "Бахтиёрро асколка расидааст!" Зимнан дар номгӯйи нашркардаи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия номи Ғаффоров Бахтиёр Мухторович  мавҷуд аст. Ҳамчунин номи Саидбек Искандаров, Сайдулло Кенҷаев, Нурулло Ҳасанов, Мансур Худоёров, Умеди Оллоҳбердӣ, Маъруф Маҷидов, Соҳиб Соҳибов ва дигарон нашр шудаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки намояндагони худро ба ҷойи ҳодиса фиристодааст, то ин хабарҳоро рӯшан кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз вуқӯъи чунин як ҳодисаи нангин изҳори таассуф карда, ба  вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ супориш додааст, ки дар ҷараёни расонидани ёрӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд ва ба онҳо мусоидати фаъол намоянд.

 


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97