Лағви парвози тайёраҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Хабари хуб 24.01.2011 10:40

FurudgohШаби 23 - уми январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвози тайёраҳо ба хатсайри Душанбе Москав, Душанбе - Перм, Душанбе Истамбул ва Душанбе - Санкт Петербург бо сабаби номусоид будани вазъи ҳаво ба таъхир афтод.

Бюрои маълумотдиҳии фурудгоҳ ба мусофирони хатсайрҳои мазкур аз қатъ шудани парвозҳо ба самтҳои мазкур иттилоъ дода, мугуфтанд, ки парвозҳо бо сабаби номусоид будани вазъи ҳаво номумкин аст ва субҳ соати ҳафт ба бинои фурудгоҳ ҳозир шаванд.

Аз соати ҳафти субҳ фақат ба қайд гирифтани ному насаб ва боғоҷи мусофирони самти Душанбе - Маскав шурӯъ шуда, мусофирони дигар самтҳо дар интизори парвоз ҳастанд.

Аз сабаби тағйири боду ҳавои Душанбе баъзе тайёраҳои ба самти Душанбе омадаистода дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд ва то ҳол маълумоти аниқ оид ба омадани онҳо ба фурудгоҳи Душанбе нест.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97