Хадамоти муҳоҷират таъсис ёфт

Хабари хуб 22.01.2011 12:46

Khadamoti_MuhojiratБо фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар торнамои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «ин хадамот бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис меёбад.
Хадамоти мазкур дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагии ин вазорат оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Русия ва сохторҳои дахлдори  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва  муҳоҷирати ин вазорат ташкил дода мешавад.
Бо ҳамин фармон ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, ба кор таъмин кардани  шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани робита  бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор гардидаанд.
Тибқи фармон сохторҳои дахлдори  Хадамоти муҳоҷират дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таъсис дода мешавад».

Раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафиалло Девонаев, ки қаблан сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ буд, ба ӯҳда дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97