Раиси Агентии зиддиинҳосирии Тоҷикистон Амонулло Ашӯр, ки аз танқидгарони тарҳи роҳи пулакӣ дар кишвар буд, аз вазифа озод гардид.
Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки Амонуллои Ашӯр бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми дошта сабукдӯш шудааст. Номбардаро дар ин мақом Ҳамдам Тағоймуродов, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президент вазифаи мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодиро бар дӯш дошт, иваз намудааст. Соли гузашта Амонулло Ашӯр чанд маротиба бар зидди пулакӣ сохтани роҳи Душанбе- Хуҷанд- Чаноқ аз тариқи расонаҳои хабарӣ андешаи хешро изҳор намуда буд. Мавсуф аз ҷумла бо изҳори шакку шубҳа дар қонунӣ будани таъруфаҳои роҳи пулакӣ таҳдид карда буд, ки пулчинӣ дар ин роҳро қатъ хоҳад кард. Дар пайи ин ҳатто комиссияе низ барои санҷиши ҷанбаҳои қонунии роҳи пулакӣ таъсис ёфта буд. Баъд аз эълони натиҷаи кори ин комиссия ҷаноби Амонуллои Ашӯр аз идомаи баҳсу гуфтугӯ дар мавриди пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд- Чаноқ худдорӣ мекард.