Ҷамъе аз сокинони маҳаллаи «Ипподром»-и шаҳри Душанбе аз шаҳрдорӣ талаби манзилҳои зисти беҳтар карданд.
Далели ҷамъ омадани ин занон тахриби маҳаллаи онҳо тавассути шаҳрдорӣ, бунёди Наврӯзгоҳ ва роҳи калони мошингузар дар ҷойи зисти онҳо будааст. Ба гуфтаи бархе аз ин занон, ҳукумати шаҳри Душанбе бо сокинони маҳал дар ин замина сӯҳбат карда ва мардум низ розигии худро додаанд. Аммо ин занон гуфтаанд, ки шаҳрдорӣ дар ивази тахриби манзилҳояшон ба хонаводаҳое, ки иборат аз се оила ҳастанд, хонаҳои се ҳуҷрагӣ медиҳад, ки онҳоро қонеъ нахоҳад кард.
Мақомоти шаҳри Душанбе барои 57 хонаводаи маҳаллаи Ипподром дар ивази хароб кардани хонаҳояшон дар маҳаллаҳои Зарафшон, Мардон ва Дӯстӣ хонаҳоеро аз биноҳои баландошёна ваъда кардааст. Занони гирдиҳам омада аз шаҳрдорӣ талаб доранд, ки ҳадди ақал барои ҳар оилаи як хонавода, як хонаи якҳуҷрадор диҳад, то онҳо битавонанд, бо фарзандонашон зиндагӣ кунанд.
Дар чанд соли ахир шаҳрдории Душанбе ба хотири иҷрои нақшаи генералӣ ва ободу зебо гардондани пойтахти Тоҷикистон мардуме, ки дар маркази шаҳр зиндагӣ доранд, ба ҷойи дигар аз канори пойтахт кӯч медиҳад.
Вале дар муқойиса ба солҳои қаблӣ тарзи интиқоли аҳолӣ аз марказ ба канори он ба таври осуда ва таъмин намудан бо хонаҳо сурат мегирад.