Амонуллои Ҳукуматулло, раиси КВД- и «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 19 январ зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки корхонааш дар назди Узбакистон як танга қарздор нест ва ин Узбакистон аст, ки аз Роҳи оҳани Тоҷикистон 4, 5 млн. доллар қарздор аст.
Шурӯъ аз соли 2001 корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон қарзҳои дар солҳои 1991- 1994 дар назди Узбакистон доштаашро ҳар сол ба маблағи 13-14 млн. доллар пардохт намудааст, он қарзе, ки мегӯянд марбут ба Тоҷиктрансгаз аст, ки дар ибтидои солҳои навдум барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз Узбакистон газ гирифтаанду маблағашро пардохт накардаанд. Ва Тоҷиктрансгаз аз корхонаи мо низ ба маблағи 140 млн. сомонӣ ва вазорати молия бошад 270 млн. сомонӣ қарздоранд,- гуфт сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон. Амонуллои Ҳукуматулло хисороти ба корхонааш аз раҳбандии Узбакистон расидаро дар соли гузашта беш аз 20 млн. доллар медонад. То имрӯз аз номи тоҷирону соҳибкорон, ки соли гузашта бору колояшон дар Узбакистон раҳбанд монда буд, беш аз 300 ариза ба корхонаи мо ворид шудааст. Ба суъоли як хабарнигор дар мавриди он ки аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ Амонуллои Ҳукуматулло ба дарёфти унвони Қаҳрамони Тоҷикистон пешниҳод шудааст, сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ки «агар барои чор халта орду он як кӯмаки ночизе, ки барои ширкатдорони ҷанг ва хонаводаҳои нодору маъюбон мекунем, унвони Қаҳрамонӣ бидиҳанд, нисфи Тоҷикистон қаҳрамон мешавад.» Ман алҳамдулиллоҳ мусалмонам ва падарам, ки 111 сол умр доранду дар Қӯрғонтеппа мезиянд, доимо насиҳатам мекунад, ки дастгири бечораву дармондаҳо бошам. Вақте як инсон чизе хайру садақа мекунад, бояд подоши онро аз Худо бихоҳад, на ин ки садақаро барои касби шӯҳрат анҷом бидиҳад,- иброз дошт Амонуллои Ҳукуматулло.
Журналисте аз Сардори Роҳи оҳани оҳани Тоҷикистон дар бораи таъсири ҳушдори соли гузаштаи Президенти Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Узбакистон пурсид ва мавсуф посух дод, ки фикр мекунам он ҳушдори ҷаноби Аҳмадинажод он қадар таъсире ба Узбакистон надошт. Дар фарҷоми нишасти хабарӣ Сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон журналистонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, зикр кард, ки ният дорем то рӯзи ҷашни 20 солагии Истиқлол 9 км роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвонро ба истифода бидиҳад.
Толибшоҳи САЙИДЗОДА