Асадулло Раҳмонов, дари телевизион ба рӯйи ҳама боз аст

Хабари хуб 15.01.2011 11:05
20081016112421asadollah_rahmanov203bbcРаиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов гуфтааст, ки телевизион омодааст, таҳаввулоти аҳзоби сиёсии мухолифро пайгирӣ кунад ва барои намояндагони ҳизбҳои мухталиф минбар фароҳам оварад. Ӯ афзудааст, ки ҳеч як аз ҳизбҳои сиёсии кишвар барои ширкат дар барномаҳои телевизионӣ муроҷиат накардаанд. Ҷаноби Асадулло Раҳмонов рӯзи 14 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дари телевизиони давлатӣ ба рӯи дигарандешон низ боз аст ва онҳо метавонанд аз ин минбар истифода бикунанд. Назари раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба мавзӯи озод набудани фаъолияти телевизионҳо дар ҳоле пахш шуд, ки аҳзоби сиёсӣ ва рӯшанфикрон шабакаҳои телевизиониро барои баррасиҳои якҷониба ва таблиғу мадҳу санои мақомот пайваста интиқод мекунанд. Ба гуфтаи танқидгарон, ин далел, ки шабакаҳои давлатӣ ба ҷойи пайгирии таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии дохили кишвар, ба пахши ахбори байналмилалии сабтшуда аз шабакаҳои дигар тарҷеҳ медиҳад, мояи нороҳатии ҷомеъа шудааст. Ин гурӯҳҳо мегӯянд, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, ки бо молиёти шаҳрвандон сармоягузорӣ мешаванд, рисолати аслии худ, яъне пахши ахбори сарвивақтӣ ва беғаразонаро ба хубӣ иҷро намекунанд ва бештар ба тарғибу таблиғи сиёсатҳои ҳукумат машғуланд.
Дар ҳамин ҳол Асадулло Раҳмонов мегӯяд, ки истифодаи сӯҳбатҳои президент дар барномаи хабарӣ як бозёфти ҳунарӣ аст, ки телевизион онро ба роҳ мондааст.
Аксаран шоҳиданд, ки бори охир чеҳраи раисони аҳзоби мухолифро моҳи феврали соли гузашта дар ҷараёни маъракаи интихобот дида буданд. Он ҳам на ба андозаи имконоти ҳизби ҳоким, ки намояндагони он ба таври фаровон дар шабакаҳои телевизион ҳузур доштанд. Ба гуфтаи бархе аз нозирон, баъзан ходимони телевизион аз нишастҳои муҳим бо ширкати чеҳраҳои саршиноси кишвар гузориш сабт мекунанд, аммо ин гузоришҳо маъмулан таҳрир мешаванд ва акси аҳли назар аз онҳо бурида мешавад.
Аммо Асадулло Раҳмонов дар ин маврид мегӯяд, ки ба ин мавқеъ, ки телевизион дидаву дониста аҳли назарро ба студияҳо роҳ намедиҳанд розӣ нест. Мавсуф гуфтааст, ки касе, ки муроҷиат мекунад, мо ягон бор монеа ва қайчӣ накардаем. Агар мо онҳоро, ҳамон андешаҳои ҳизбҳои сиёсии гуногунро пахш кунем, ба фоидаи ҷомеъа аст. Мо ягон бор сарфи назар накардаем.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97