Ирониҳо дар Хатлон замин мегиранд

Хабари хуб 15.01.2011 10:08

Оё таъсиси баталиони кишоварзӣ хуб аст?

Саъдулло Бекназаров, сардZaminори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар мавриди ташрифи намояндагонии Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки соли гузашта ҳамроҳ бо масъулини вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба навоҳии ҷанубии Хатлон ташриф оварда буданд, гуфт, ки ҷониби Ирон мехоҳад аз ҳисоби мавзеъҳои хубу ҳосилхез барояшон қитъаҳои замин ҷудо намоем.

Аммо мушкили мо дар заминҳои обию корам не, балки дар заминҳои аз тариқи насосҳо обёришаванда ва заминҳои аз мавзеъи сукунати мардум дуртар воқеъ буда аст. Аз ин рӯ онҳо барои санҷиши ҳолати хок аз якчанд заминҳои навоҳии Шаҳритӯс, Қубодиён ва Ҷилликӯл барои ташхис намунаҳо бо худ гирифтанд.

Ба гуфтаи Саъдулло Бекназаров ирониҳо мехоҳанд 10 ҳазор гектар замин гирифта, дар он писта, пахта ва дигар сабзавоту полезӣ кишт намоянд.

Дар ҳақиқат пешниҳодоти онҳо барои мо ҷолиб аст, аммо то куҷо онҳо  он заминҳоеро, ки мо пешниҳодашон кардем, қабул мекунанд, ҳанӯз маълум нест.

Коршиносон чунин андеша доранд, ки ҳамроҳӣ намудани ин сафарро роҳбарони олимақоми вазоратҳои мудофиаи Ирону Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҷануби Тоҷикистон шояд баталиони кишоварзӣ таъсис дода шавад. Зеро таъсиси чунин баталион ҳанӯз чанд сол қабл аз ҷониби собиқ раиси ноҳияи Шаҳритӯс Холмурод Раҳмонов пешниҳод шуда буд.

Ба гуфтаи манбаъ соли 2010 дар вилоят беш аз 8 ҳазору 222 га заминҳо бинобар норасоии насосҳои обкашу об ва неруи кор аз бекор мондаанд. Ҳамзамон имрӯз беш аз 20 ҳазор гектар замин дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дорад. Дар қатори ҷалби сармоягузорони хориҷӣ инчунин аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон як лоиҳае дар бобати беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо имсол мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97