Зайналобиддин бинни Алӣ, президенти Тунис гуфтааст, ки намехоҳад баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар соли 2014 дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад.
Вай 23 сол боз мақоми президентиро дар кишвари Тунис бар дӯш дорад. Дар ҳоле, ки ин кишварро мавҷи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ фаро гирифтааст, президент ба пулиси кишвараш фармон додааст, ки тирандозӣ бар алайҳи тазоҳуркунандагонро қатъ кунанд ва гуфтааст, ки қиммати қанду шир ва нонро дар кишвараш пойин мебарад. Ин суханони президент Зайналобиддин бинни Алӣ дар ҳоле гуфта шудаанд, ки 13 январ пулис бар зидди тазоҳургарон дар Тунис оташ кушодааст ва як нафар кушта шудааст. Аммо созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки дар ин тирандозӣ бештар аз 60 нафар кушта шудаанд. Сабаби тазоҳурот боло рафтани сатҳи бекорӣ дар Тунис будааст.