Хешону наздикон ва адвокати Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид номаи онҳоро, ки ба унвонашон ирсол дошта будаанд, дарёфт кардаанд ва кумитаи мазкур худ дар ин бора барояшон иттилоъ додааст.
Пайвандони генерали зиндонӣ, ки дар тобистони соли 2004 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми абадӣ дар маҳбас буданро гирифтааст, дар номаашон ба Созмони миллали муттаҳид аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон изҳори норизоятӣ карда, хоҳиш намудаанд, ки парвандаи Ғаффор Мизоев мавриди баррасии кумитаи ҳуқуқи башар қарор дода шавад. Ба қавли наздикони Ғаффор Мирзоев Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти собиқ фармондеҳи Гордии миллӣ ва раиси Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар мавриди он ки бархе аз ҷиноёти дар парванда ҷойдоштаашро бар дӯш намегирад, рад кардаанд.