«Даво» мехоҳед, инак он дар ихтиёри Шумост

Хабари хуб 13.01.2011 14:11

DavoБо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Қалам» ва Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ маҷаллаи «Даво» дар ҳаҷми 24 саҳифа аз нашр баромад.

 

- Маҷаллаи мазкур маърифатӣ-омӯзишӣ буда, дар он оид ба тарзи дурусти нигоҳ доштани саломатӣ, истеъмоли оқилонаи ғизо, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои гуногун ва муолиҷаи онҳо, муолиҷа бо давоҳои мардумӣ матлабҳо таҳия шуда, ҳамчунин бо ашхоси шинохтаи ҷумҳурӣ, ки сухани онҳо даво ва таскиндиҳандаи ранҷуриҳои мардум мебошад, сӯҳбату мусоҳибаҳо ба нашр мерасанд, - гуфт Бибихонум Дарвешзода, сардабири маҷаллаи навтаъсиси «Даво».

- Дар саҳифаҳои маҷаллаи мо метавон мақолаву матолиби дорои мӯҳтаво ва мазмуни мухталиферо дарёфт, ки дархӯри завқи хонандагон бошад. Мо тасмим гирифтаем, ки бештар аз боби давоҳои ниёгон, гиёҳҳои табобатии табиати ғановатманди кишвар, тарзу усулҳои табобат ва меҳру муҳаббати инсонӣ бештар ҳарф бизанем,- афзуд ӯ.

Бойиси тазаккур аст, ки маҷаллаи «Даво» аз ин ба баъд аввали ҳар моҳ ба нашр расида, пешкаши хонандагон мегардад.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97