Роҳбарони ҷамъияти узбакҳоро айбдор донистанд
Комисиюни таҳқиқи ошӯбҳои хунини қавмии моҳи июни соли 2010, ки дар ҷануби Қирғизистон рух додаанд, раҳбарони ҷамъияти узбакҳои маҳаллӣ ва пайвандони президенти собиқ Қурмонбек Боқиевро дар таҳрики ин даргириҳо айбдор кардааст. Раиси ин коммисиюн Абдуғанӣ Эркабоев гуфтааст, ки нируҳои мухталиф, аз ҷумла раҳбарони узбакҳо мехостанд аз ин фурсати оҷизии мақомот истифода баранд ва дар пайи таъқиби манфиатҳои худ шуданд. Ин хашми мардуми қирғизро барангехт ва далели аслии посухи ҷониби қирғизҳо шуд.