Абдураҳим Холиқов: Кумитаи дин дари ягон масҷидеро набастаст

Хабари хуб 12.01.2011 11:25

22qАбдураҳим Холиқов: Кумитаи дин дари ягон масҷидеро набастаст

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати кишвар рӯзи 10 январ зимни баргузории нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: «Кумитаи дин дари ягон масҷидеро набастаст, балки намозхониро дар он маконе, ки мардум ғайриқонунӣ дар он ҷо намоз мегузоштанд, дигар иҷоза надодем. Тамоми масоҷидҳое, ки тибқи қонун дар Тоҷикистон амал мекунанд, дарҳояшон боз аст».

Ӯ зикр кард, ки то 29 декабри соли 2010 дар мақомоти ваколатдор оид ба дин 3347 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеъи марказӣ , як мадрасаи мутаввасита, Маркази исломии Тоҷикистон, як ҷамоатхона ва 74 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҷаноби Холиқов афзуд; «аз ин ба баъд аз рӯи феҳрасти ягонаи умумидавлатӣ ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ хоҳад шуд.   Мавсуф ҳамчунин гуфт: «Айни ҳол санадҳои 10 масҷиди ҷомеъи марказӣ ва 65 масҷиди панҷвақта дар ҳолати бозомӯзӣ мебошанд, ки рӯзҳои наздик аз қайд хоҳанд гузашт».

Дар ҳамин нишаст раиси Кумитаи мазкур дар робита ба бозхонди донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби исломии хориҷ таҳсил мекарданд, гуфт, ки 2115 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо таҳсил мекарданд ва то ҳоли ҳозир 1436 нафари онҳо ба ватан бозгаштанд ва барои бозпас овардани боқӣ талош сурат дорад. Ин манбаъ афзуд, ки маҷмӯъаи мавъизаҳо барои масоҷиди ҷомеъи кишвар дар шакли китоб дар ҳоли таҳия шудан аст, ки дар ояндаи наздик ба имомхатибони масоҷид тавзеъ хоҳад шуд.

Ӯ дар посух ба ин суол, ки сабаби таълифи ин гуна китоб дар чист, гуфт: «Сатҳи дониши на ҳамаи имомхатибон, ки имрӯз намозгузорон аз пушти онҳо намоз мегузоранд, ба талабот ҳам аз назари қонуни давлат ва ҳам аз нигоҳи шариат ҷавобгӯ мебошад. Бархе бо фарқ накардани ҳадиси мавзӯъ аз саҳеҳ аз минбарҳои масоҷид суханонеро мегӯянд, ки дар ягон қолаб намегунҷад. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, аз ҷониби уламои кишвар китобе вобаста ба 52 ҳафтаи сол коркард шавад ва дар мавзӯъҳои вобаста ба вақт оварда шаванд, мазмуни аслии он панду андарз барои ҷавонон, даъват барои эҳтироми падару модар ва ватанпарастӣ бошад».

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97