Ҷасади Алии Бедакӣ ва ёрони ӯ, ки 8 нафар будаанд, аз мурдахонаи бемористони марказии шаҳраки Ғарм нопадид шудаанд.
Ин афро
д марбути аъзои гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат дар як амалиёти нерӯҳои давлатӣ рӯзи 4-уми январ кушта шуда буданд.
Олим Одилов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ки акнун дар таъқиби гурӯҳҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорад, ба расонаҳо гуфтааст, ҳашт ҷасади аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ шаби 5 -ум ба 6-уми январ аз сардхонаи бемористони Ғарм нопадид шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, хешовандони афроди кушташуда то шоми 6- уми январ дар атрофи бемористони Ғарм дар интизори гирифтани ҷасади наздикони худ буданд, аммо табибон ба онҳо гуфтаанд, ки ҷасадҳо ба самти номаълуме бурда шудаанд. Ва табибони бемористони Ғарм ҳаққи дастрасӣ ба ин ҷасадҳоро надоштаанд.
Олим Одилов аз фармондеҳони собиқи мухолифин мегӯяд, ки ба қавле ин ҷасадҳо барои шиносоӣ ва ташхиси бештар ба Душанбе интиқол шудаанд.
Аммо масъулини вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин маврид асосан изҳори беиттилоӣ мекунанд.