Писари охирин шоҳи Ирон худро кушт

Хабари хуб 06.01.2011 13:56

id200269_w190

Дар Амрико Алиризо Паҳлавӣ писари хурдии охирин шоҳи Ирон дар манзили зисташ воқеъ дар шаҳри Бостони ИМА бо истифода аз тири тӯфангча худкӯшӣ кардааст. Дар ин бора писари бузурги шоҳ Ризо дар аз тариқи сомонаи интернетии худ иттилоъ додааст. Ба қавли ӯ бародари 44-солааш Алиризо вақтҳои ахир эҳсоси хастагӣ дошта аз афсурдагӣ ранҷ мекашидааст.


 Охирин подшоҳи Ирон Муҳаммадризо Паҳлавӣ соли 1979 дар натиҷаи инқилоби исломӣ сарнагун шуда ва як сол баъд дар Миср аз бемории саратон дунёро тарк гуфт.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97