Лукашенкоро рафтан ба Аврупо манъ аст

Хабари хуб 05.01.2011 13:16

Баъд аз интихоботи президентии дар моҳи декабри соли рафта дар Белорус баргузор гардида, ки пас аз эълони натоиҷи он 7 тан номзадҳо ба мақоми раёсатиҷумҳурӣ барои якҷо бо ҷонибдоронашон дар шаҳри Минск- пойтахти ин кишвар даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задан ба маҳкама кашида шуда буданд. Дар маҷмӯъ беш аз 600 нафар тазоҳургарон аз ҷониби мақомоти интизомии Белорус боздошт гардида буданд, ки бо гузашти чанд рӯзе аз нисф зиёди онҳо озод гардиданд. Аз чунин шеваи бархӯрд бо мухолифони сиёсии худ кор гирифтани давлати Лукашенко дар миёни сарони мамолики Ғарб сару садоҳои мухталиф ва эътирози ҷиддиеро ба мақомоти олии Белорус ба бор овард. Лукашенко, ки дар интихобот беш аз 80 дар сади райъи мардумро ба гуфти Комиссиюни марказии интихоботи кишвараш соҳиб шуда буд, аз эътирози Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва ғайримунсифона хондани натоиҷи интихобот аз сӯйи ин созмон ба шӯр омада дафтари намояндагии созмони мазкурро дар Минск баст.

4 январи соли равон сарварони Иттиҳоди Аврупо мавзӯъи манъи вуруди Александр Лукашенко, президенти Белорусро ба қаламрави 27 кишвари узви ин созмон баррасӣ намуданд. Соли 2006 Иттиҳоди Аврупо 40 тан масъулини олирутбаи Белорусро бо далели робита доштан дар тақаллуби интихобот ба кишварҳои аврупоӣ мамнуъулвуруд эълом кард, вале соли 2008 манъи вуруди 36 тан аз ин масъулин ба шумули ҷаноби Лукашенко иҷоза дода шуд. Вазири корҳои хориҷаи Шветсия Карл Билдт дар як сӯҳбати худ гуфтааст, ки акнун Иттиҳоди Аврупо метавонад вуруди президенти Белорусро манъ кунад ва кӯмакҳои иқтисодии ин созмонро ба Белорус қатъ созад. Дар назар буд мизони ин кӯмак дар зарфи се соли оянда се миллиард евроро ташкил диҳад. Зимнан Иттиҳоди Авупо метавонад сармоягузории тарҳҳои марбут ба давлати Белорусро қатъ кунад ва ҳамзамон кӯмак ба созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин кишварро афзоиш диҳад. Дар ҳамин ҳол дипломатҳо мегӯянд, ки Иттиҳоди Аврупо барои напазируфтани натиҷаҳои интихобот иқдом нахоҳад кард, зеро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додани Белорус дар Аврупо метавонад бойиси афзоиши нуфузи Русия ба ин кишвар шавад. Дар солҳои ахир ҷаноби Лукашенко талоши зиёде барои беҳбуди равобит бо Ғарб кардааст, ки яке аз натиҷаҳои он аз байн бурдани маҳдудият барои дарёфти раводид будааст, ки барояш иҷоза дод то ба баъзе аз кишварҳои Аврупо сафар дошта бошад.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97