Кушта шудани ду марзбони тоҷик

Хабари хуб 03.01.2011 15:45

Marzbon

Бар асари як задухурди мусаллаҳона бо қочоқчиён дар марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон ду аскари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, даргирӣ ҳафтаи гузашта рух дода ва бойиси кушта шудани теъдоде аз марзшиканон низ гардидааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарон мехостанд, ки марзро убур намоянд, вале ба муқовимати шадиди нерӯҳои марзбонии тоҷик дучор шуданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ бинобар зиёд будани шумораи
қочоқчиёни мусаллаҳ, дар амалиёти мазкур аз чархболҳои низомӣ низ истифода шудааст.
Минта
қаи Шӯрообод дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон осебпазиртарин қитъаи марзӣ миёни ду кишвар боқӣ мондааст. Марзбонони тоҷик ҳанӯз ҳам муваффақ ба назорати комили ин қисмати марз нашудаанд ва қочоқбарон умдатан аз ҳамин минтақа ба манзури интиқоли маводи мухаддир истифода мекунанд. Мавқеъи ҷуғрофиёии минтақаи мазкур, ки аслан кӯҳистонист, назорат бар онро мушкил кардааст.
Ҷойи ёдоварист, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақте рух медиҳад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97