Далер Ниятбеков, ҷавони 28 сола дар беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ, ки шоми соли нав аз зарби корд ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, ҷон додааст.
Мақомоти интизомӣ ба иттиҳоми қатли ӯ, Каюн Раҳмихудоев, як сокини дигари шаҳри Хоруғро, боздошт кардааст. Ба гуфтаи манбаи Раёсати корҳои дохили, ин фард бо Далер Ниятбеков шаби 30 ба 31 декабр "дастбагиребон" шуда ва аз тахтапушташ ӯро бо корд захмӣ кардааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Доробов, азбаски хуни Далер Ниятбеков бисёр рафта буд, пизишкон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Ба қавли ин манбаъ, ҳодиса бар пояи хусумати шахсӣ рух дода аз ҷанги дастбагиребони ин ду тан истифода аз силоҳи сардро ба дунбол доштааст.
Тавре ки аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд, дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқикот идома дорад. Фарди муттаҳам ба қатли Далер Ниятбеков аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ дастгир шуда ва дар боздоштгоҳи нигоҳ дошта мешавад.
Гуфта мешавад, хусумати онҳо баъд аз он ки боре мошинҳои ин ду нафар бо ҳам тасодум карданд, шурӯъ шудааст.