Имом-хатиб террорист тайёр мекардааст?

Хабари хуб 03.12.2010 12:58

Дар Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон нисбати як имом- хатиби ноҳияи Вахш Норқулов Илҳом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора намояндаи ин мақом дар як мулоқот бо толибилмони аз мадрасаҳои исломии хориҷи кишвар баргашта иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ Илҳом Норқулов бар хилофи таъкидҳои Президенти кишвар оид ба баргардонидани толибони ғайрирасмӣ ба мадориси исломӣ рафта то ҳанӯз фарзандони мардуми ноҳияи Вахш ва вилоятро ғайриқонунӣ дар манзили худ таълим дода, бо гузашти муддате онҳоро дар яке аз таҳхонаҳои назди бозори Корвон нигоҳ медошта ва аз он ҷо тавассути дигар ёронаш он навҷавононро ба Покистон мефиристодаанд. Гуфта мешавад, ки Норқулов Илҳом дар манзили хеш дар ноҳияи Вахш 50 нафар ҷавононро ғайриқонунӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта будааст.

Мақомоти мазкур зимни як тафтиш аз яке аз таҳонаҳои воқеъ дар мавзеъи бозори Корвон 75 нафар наврасонро пайдо кардаанд, ки онҳо он ҷо пинҳонӣ таълим гирифта, баъдан ба хориҷ фиристода мешудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ давоми соли равон инчунин аз нуктаи гумрукии Панҷи Поён 406 нафар наврасонро иҷозаи аз Тоҷикистон берун шуданро надодаанд, ки аз ин шумор баъдан 6-7 нафари онҳо ба нукоти даргир ва ноамни кишвар рафтаанд.

Дар ин мулоқот раиси Кумитаи дини кишвар Абдураҳим Холиқов иброз дошт, ки то имрӯз тибқи маълумоти пешниҳод кардаи ҳукуматҳои маҳал аз мадориси исломӣ 388 нафар фарзандони мардуми Хатлонро бозпас ба Ватан овардаанд. Тибқи маълумоти ин манбаъ танҳо аз вилояти Хатлон 679 нафар наврасону ҷавонон ғайриқонунӣ барои таълим ба мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ рафтаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97