Ҷанозаи се тан аз кормандони милиса ва амният, ки шаби 1 декабри соли равон бар асари ҳуҷуми як гурӯҳи номаълум дар ноҳияи Балҷувон кушта шуда буданд, ба хок супурда шуданд. Нерӯҳои амният ва милисаи кишвар амалиёти густардаеро барои дастгир кардани ин гурӯҳи мусаллаҳи номаълум дар Балҷувон шурӯъ кардаанд.
Муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон Сангалӣ Нодирхонов ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар асари ин ҳодиса се нафар кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд. Мавсуф зикр намуда, ки афроди кушташуда подполковник Идибек Шарифов, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон оид ба хидмат, Низомуддин Сайфиддинов, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик ва Убайдулло Сафолов, ронандаи беморхонаи ноҳияи Темурмалик будаанд. Гуфта мешавад, ки сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик шабҳангом барои дидорбинии яке аз дӯстонаш ба ноҳияи Балҷувон сафар доштааст.
Нодирхонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки Ҷӯрахон Табаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон, прапоршик Исмоил Қудратов, коркуни шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик ва як фарди ноболиғ ба номи Некрӯз Холов дар ин даргирӣ ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи хабари расида Табаров дар бемористони ноҳияи Данғара таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи сиҳати вай ва афроди дигари захмӣ мӯътадил аст.
Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба мақомоти интизомӣ дар деҳаи Дулонамайдон дар байни соатҳои 4 ё 5 шоми 1декабр ба амал омадааст. Некрӯз Холов, хонандаи синфи 8- и мактаби рақами яки ноҳияи Балҷувон, ки дар маҳалли даргирӣ ба чарондани чаҳорпоён машғул буд, низ дар асари расидани тир захм бардоштааст. Ба қавли Нодирхонов кормандони амният ва милиса барои таҳқиқи хабари аз мардум расида дар бораи афроди ношинос ва мусаллаҳ ба ноҳияи Балҷувон, сафар карда будаанд.
Номбурда гуфтааст, ки як рӯз пеш хабар расонданд, ки як ду нафар пайдо шудаанду аз мардум нон мепурсанд. Азбаски ин афрод шубҳанок будаанд, мардум занг зада, хабар доданд, ки дар деҳаи мо ҳамин гуна одамон пайдо шудаанду нону об металабанд ва бо худ дастгоҳи мухобара доранд. Баъд бачаҳо ба кофтукови ин афрод шурӯъ карда ва вақти рафтан ба ноҳия бо ин ҳодиса рӯбарӯ шуданд. Сангалӣ Нодирхонов афроди ҳамлагарро "як гурӯҳи муташаккили ҷинояткор" хонд, ки ҳувияти аъзояш маълум нест ва афзуд, ки "амалиёти сахте" барои дастгир ва ё нобуд кардани онон шурӯъ шудааст.
Вай дар такя ба қавли сокинони маҳаллӣ, ки ин афродро ба ҳангоми обу нон пурсиданашон дидаанд, гуфт, ки "шеваи гуфтори бархе аз онон монанди афғонҳо" будааст. Нодирхонов қаблан ҳам гуфта буд, ки ду нафар аз афроди мусаллаҳ "риш дошта ва ба афғонҳо шабеҳ" будаанд. Шамсулло Аҳадов, як сокини маҳаллӣ дар Балҷувон гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ эҳтимолан аз минтақаи Обигарми ноҳияи Рашт бо роҳҳои душворгузари кӯҳистонӣ ба Балҷувон омадаанд. Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар Балҷувон дар ҳоле рух дода, ки тайи ду моҳи ахир амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт алайҳи гурӯҳҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат ҳамчунон идома дорад.