Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 ноябр зимни суханронӣ дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш барои неругоҳи обии "Сангтӯда-2" гуфт, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои обӣ умуман таъсири манфӣ намерасонад, баръакс рушди соҳаи нерӯи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
Илова бар ин, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳангоми норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеъи обу энержӣ мебошад. Президенти кишвар гуфт, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз ин пружа тавлиди барқ дар Тоҷикистон солона боз як миллиард киловатт-соат тавлид ёфта ва ин гоми ҷиддие дар дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ хоҳад буд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, 90 дар сади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи "Сангтӯда-2" анҷом шуда ва ҳамакнун дар ин пружа корҳои насби таҷҳизоти гидромеханикӣ идома дорад. Маҷиди Номҷӯй, вазири энержии Ирон бунёди неругоҳи "Сангтӯда-2"-ро аз бузургтарини тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Ирон хонд, ки дар ин ҷо беш аз 1000 тан аз мутахассисону коргарони тоҷику иронӣ фаъолият мекунанд.
Сохтмони неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" 20 феврали соли 2006 аз ҷониби ширкати "Сангоб"-и Ирон шурӯъ шуда ва дар назар аст, то охирҳои соли оянда ин неругоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ҳазинаи ин неругоҳи бо тавоноии 220 мегават беш аз 1 миллиард сомонӣ буда, 180 миллион доллари он аз ҷониби давлати Ирон тахсис мешавад. Тибқи тавофуқи тарафайн, ин неругоҳ ба муддати 12,5 ним сол аз ҷониби Ирон истифода шуда ва сипас, моликияти Тоҷикистон хоҳад шуд. Неругоҳи "Сангтӯда-2" панҷумин неругоҳи обӣ аст, ки дар дарёи Вахш бунёд мегардад.