Дар Рашт махфигоҳи аслиҳа кашф шуд

Хабари хуб 01.12.2010 09:12

Вазорати корҳои дохилаи кишвар хабар додаст, ки кормандони интизомӣ ба ҳангоми иҷрои амалиёти махсус як махфигоҳи аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ дар минтақаи Раштро кашф кардаанд. БиБисӣ аз номи як манбаъи ин вазорати кишвар хабар дода менависад, ки ӯ аз шарҳи ҷузъиёти ин амалиёт ва миқдори дақиқи аслиҳа ва муҳиммоти кашфшуда худдорӣ кард.

Қаблан мақомот аз кушта шудани ду пайкорҷӯ, ки яке аз онҳо ба узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам аст, хабар дода буданд.

Додарбек Каримов, сокини шаҳри Душанбе, ки 45 сол дошта ва мақомот ӯро узви фаъоли ҲИУ муаррифӣ карданд, ба таърихи 14 ноябр дар як амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шудааст. Маъмурон дар ҷойи ҳодиса як автомати Калашников бо ҳафт тирдон ва 281 гулӯла пайдо кардаанд. Мақомҳои ниҳоди мазкур гуфтаанд, ки Додарбек Каримов дар байни солҳои 1995 ва 1999 бо Ҷумъаи Намангонӣ, ки аз раҳбарони ҲИУ маҳсуб мешуд, ҳамкорӣ доштааст. Ӯ ҳамчунин дар содир кардани гуноҳони сангин, монанди таркишҳо дар шаҳри Душанбе ва қатли маъмурони давлатӣ, даст доштааст. Шахси дигар, Машраб Убайдуллоев, як сокини 28-солаи шаҳри Исфара будааст, ки дар пайи муқовамат дар баробари нерӯҳои давлатӣ кушта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабар мерасад, ки иртиботи телефонӣ бо минтақаи Рашт, ки дар пайи нооромиҳои ахир дар ин минтақа дар охирҳои моҳи сентябр қатъ шуда буд, дубора барқарор шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97