Кишвар аз бунбаст раҳо мешавад

Хабари хуб 01.12.2010 09:12

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар аз анҷоми барномаи навсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ - Панҷи Поён хабар дод, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайванд дода, барои аз бунбасти иртибототӣ раҳо ёфтани кишвар кӯмак мекунад.

Коршиносон мегӯянд, ин роҳ як роҳи транзитӣ аст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби хадамоти интиқоли молу коло ба буҷаи худ маблағи бештаре ворид хоҳад кард.

Ба илова, аз тариқи ин роҳ транзити молҳо барои нерӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ба Афғонистон низ таъмин хоҳад шуд, ки Тоҷикистон аз он ҳам фоидаи зиёди иқтисодӣ ва молӣ ба даст хоҳад овард. Агарчӣ мизони дақиқи интиқоли мавод барои нерӯҳои эътилоф аз тариқи Тоҷикистон маълум нест, вале гуфта мешавад, ки роҳи Дӯстӣ-Панҷ роҳи мӯътамад барои интиқоли мол барои нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аст.

Йошиҳиро Накояма, сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ки ин роҳ бо кӯмаки молии кишвараш анҷом шудааст, мутмаин аст, ки дар сурати амнтар шудани Афғонистон Тоҷикистон имкон пайдо хоҳад кард, то ба бандари Ҳинд барояд.

Навсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ - Панҷи Поён аз ду марҳила иборат буд, ки марҳилаи аввали он дар соли 2008 анҷом шуда, марҳилаи дуввуми он якуним соли пеш оғоз ёфта буд. Навсозии ин роҳи мошингард дар маҷмӯъ 20 миллион долларро дар бар мегирад ва тармими ин роҳро ширкати ҷопонии «Нипо корпорейшн» ба анҷом расондааст.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар мегӯяд, мӯҳлати кафолати роҳ як сол аст ва дар тӯли ин муддат ҳар нуқсоне, ки дар роҳ ба вуҷуд ояд, ин ширкат вазифадор хоҳад буд, ки онро ислоҳ кунад. Тақрибан ҳама роҳҳои Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон мегузаранд. Вале солҳои ахир ин кишвари ҳамсоя талош кардааст, ки барои интиқоли молу коло аз қаламраваш ба Тоҷикистон мушкил эҷод кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97