Додситонии Хатлон аз афзоиши мавриди худкушӣ дар ин вилоят хабар медиҳад. Юсуфҷон Юсуфзода, муовини додситони Хатлон мегӯяд, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 86 мавриди худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар вилоят сабт шудааст, ки ин рақам ҳашт маврид зиёдтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ба гуфтаи ӯ панҷоҳ маврид аз ин ҳодисаҳо ба худкушӣ ва ё қасди худкушии занон марбут буда, дар 36 маврид мардҳо ва 17 маврид ноболиғон ба ин кор даст задаанд. Занҳо бештар аз роҳи оташсузӣ ва ба об андохтани худ худкушӣ карда, мардҳо бештар худро ба дор меовехтаанд.
Бино ба иттилои ин манбаъ, ахиран як зан аз ноҳияи Бохтар ба сабаби рашки зиёд ба ҳамсараш худ ва се кӯдакашонро оташ задааст, ки дар натиҷа ҳар се кӯдак фавтида, вале ӯ зинда мондааст. Алайҳи ин зан парвандаи ҷиноӣ боз шуда дар ҳоли баррасист.