Охирин намози ҷумъа дар масҷиди ҲНИТ

Хабари хуб 01.12.2010 09:10

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар асоси тақозои давлати Тоҷикистон фаъолияти масҷиди ин ҳизбро мутаваққиф карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, рӯзи ҷумъаи 26 ноябр дар охирин намози ҷумъа дар ин масҷид тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар бораи қатъи фаъолияти масҷиди Ҳизби наҳзати исломиро эълом кард.

Ҷаноби Кабирӣ таъкид кард, ки танҳо ба хотири истиқрори сулҳу субот ва ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон мақомоти ҲНИТ тақозои вазорати адлияро пазируфтаанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон ду рӯз қабл зимни як нома ба ин ҳизб ҳушдор дода буд, ки дар сурати нодида гирифтани ин тақозо, бар асоси тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон, фаъолияти ҲНИТ ба муддати 6 моҳ мутаваққиф хоҳад шуд.

Зимнан, масҷиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёздаҳ сол қабл, ба думболи имзои тавофуқоти сулҳи байни давлат ва мухолифони исломии он ва дар пайи азсаргирии фаъолияти ин ҳизб дар соли 1999 шурӯъ гардид. Масҷиди ҲНИТ ягона масҷид дар кишвар буд, ки барои адои намози занҳо ҷойи вижае дар он вуҷуд дорад. Тибқи иттилоъи манобеъи ҲНИТ, дар ин масҷид дар канори бонувони узви ин ҳизб занҳои дигар аз шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он низ ибодат мекарданд. Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар соли 2004 адои намоз дар масоҷидро барои занҳо мамнӯъ карда буд.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин таъкид кард, ки дар зарфи се-чаҳор моҳи ахир аз расонаҳо дар мавриди ифтитоҳи ҳеч масҷиди наве дар Тоҷикистон хабаре нашунидааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, аз Саратову Красноярск ва соири шаҳрҳои Русия хабари ифтитоҳи 5 масҷид аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик расидааст. Раҳбари ҲНИТ гуфт, ки агар дар Тоҷикистон барои хидмат ба ислом шароит мавҷуд набошад, мусалмонони кишвар дар ҷойҳои дигар низ ин рисолатро анҷом хоҳанд дод.

Се моҳ қабл баҳсҳо миёни Кумитаи дини Тоҷикистон ва масъулони ҲНИТ бар сари фаъолияти масҷиди воқеъ дар дафтари ҲНИТ шурӯъ шуда ва ҷонибҳо натавонистанд роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97