Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар бо судури муроҷиатномае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори лағви комили ҳукми қатл дар Тоҷикистон шудаанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмонҳои дохилии Тоҷикистон ва инчунин Amnesty International, World Coaltion against the Death Penalty ва Penal Reform International аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки ташаббуси лағви ҳукми қатлро ба дасти худ бигирад ва аз ҳукумат тақозо кунад, ки дар зудтарин фурсат асноди лозимро ба ин манзур омода намояд ва инчунин протоколи ихтиёрии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии Мисоқи (пакти) байналмилалиро ба тасвиб бирасонанд.
Аз соли 2004 ба ин сӯ, дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон шуда ва ягон ҳукми қатл ба иҷро расонида нашудааст.Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иҷрои комили қонуни мораторияи ҳукми қатл дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Дар се кишвари Осиёи Марказӣ; Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳукми қатл ба куллӣ лағв шудааст. Созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар хостори лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон бидуни истисно, дар ҳамаи мавридҳо шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бештари мавридҳо ҷабрдидаҳо ба ҳукми додгоҳ эътироз мекунанд ва мехоҳанд фарди айбдор ба қатл маҳкум шавад.
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар яке аз баёнияҳои худ, чанде қабл гуфта буд, кишвараш дигарбора ба ин навъи ҷазо бар нахоҳад гашт. Расонаҳои хориҷӣ аз қавли Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон навиштаанд: "Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки аз соли 2004 ба қонуни ҷиноии кишвар тағйирот ворид шуд ва ҳукми қатл манъ шуд, на имрӯз ва на оянда ба ин навъи ҷазо барнамегардем. Мо ҷомеаи шаҳрвандӣ сохта истодаем ва тарафи башардӯстӣ рафта истодаем, тарафи сабукии ҷазо. Ба ин хотир, фикр мекунам, дигар ҷазои қатл мувофиқи мақсад нест".
Ин дар ҳолест, ки бо манъи иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз 17 маи соли 2004 гузоришҳо ҳокист, ки мизони содиршавии ҷиноятҳои вазнин, ба хусус куштор, коҳиш наёфтааст.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва яке аз ташаббускорони лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ҷазои ҳукми қатл ё ҳабси абад ба вазъи ҷинояткорӣ, ба вижа ҷиноятҳои вазнин, таъсир намерасонад. Ӯ мегӯяд: "Вақте шахсе фардеро ба қатл мерасонад, вай дар он лаҳза фикр намекунад, ки ба вай ҳукми қатл медиҳанд ё ҳабси абад. Ба ин хотир ҷазо ҳеҷ вобастагӣ ба мизони ҷиноят надорад. Агар шахсе ҳам фикр кунад, ки ҳукми абадӣ ин ҷазои осон аст, дуруст нест, баръакс ин хеле ҷазои вазнин аст. Аммо марг амри табиӣ аст ва ҳамаи мо як рӯзе мемирем".
Аммо то кунун вокуниши мақомот дар робита ба муроҷиати созмонҳои ҳуқуқи башар садо надодааст.