Барномаи Рушди СММ

Хабари хуб 27.11.2010 10:12

26 ноябри соли равон пешниҳоди расмии 20-мин нашри ҷашнии Гузоришиҷаҳонии Рушди инсон - 2010 бо номи «Сарвати воқеъии халқҳо: роҳҳо ба рушди инсон», ки аз тарафи Барномаи Рушди Созмони миллали Муттаҳид (БРСММ) таҳия шудааст, дар Душанбе бо иштироки Намояндаи доимӣ ва директори БРСММ дар Тоҷикистон ҷаноби Растислав Врбенски, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаноби Умеди Давлатзод , муовини директори БРСММ хонум Заҳира Виранӣ, намояндагони Ҳукумат, Парламенти Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари мо   ва ҳамчунин рӯзноманигорон сурат гирифт.

Дар сухани ифтитоҳии худ ҷаноби Растислав Врбенски қайд намуд, ки дар Гузориши мазкур диди мукаммал ва нави муваффақиятҳои сартосарии Индекси рушди имкониятҳои инсоният дар даҳсолаҳои охир манзур гаштааст.   Ӯ инчунин изҳор дошт, ки маъракаи пешниҳоди мазкур дар ташфиқ ва оммагардонии нигориши рушди инсон, ки бо дигаргуниҳои соли охири дар Тоҷикистон рух дода ҳамоҳанг аст, саҳми арзандаи худро мегузорад.

Гузориши муфассали аввал аз ҷониби муовини директори БРСММ, хонум Заҳира Виранӣ ироа гашт. Дар он рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва гирифтани фоида аз соли 1970 ташхис мешаванд, ки ин замонаи гузаришҳои кулли сиёсӣ ва иқтисодии чилсоларо дарбар мегирад.

Дар Гузориши соли 2010 тараққиёт дар самтҳои тандурустӣ, маориф ва гирифтани фойида аз соли 1970 дар 135 кишвари олам ташхис мешаванд, ки он бо Индекси рушди инсоният арзёбӣ мегардад. Гузориши рушди инсон барои 2010 маълумоти мукамаллу навро аз болоравии Индекси рушди имкониятҳои инсон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас дар соҳаҳои тиб, маориф ва нишондодҳои асосии сатҳи зиндагонӣ дастёб шуданд, вале баҳогузорӣ ё ташхис нашудаанд, дарбар мегирад ва бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои камбизоат дар ин самт ба комёбиҳо ноил гаштаанд.

Ҳамзамон дар гузориши худ доир ба нашри идонаи Ҳисобот оид ба рушди инсон, Кибриё Ҷумъаева, таҳлилгари БРСММ дар Тоҷикистон дар бораи Гузориши минтақавӣ оид ба рушди инсон барои соли 2010, ки ба мавзӯъи «Дурии иҷтимоӣ ва интегратсияи иҷтимоӣ» бахшида шудааст,   маълумоти мухтасар дод. Гузориши мазкур вазъи Тоҷикистонро зери таҳлил қарор дода, фикру мулоҳизаҳои мувофиқ пешниҳод гардиданд.

Рустам Бобоҷонов, менеҷери Лоиҳаи ДКРИЧТ БРСММ дар Тоҷикистон, сохтори Лоиҳаи нави ГМРИ-2011 дар мавзӯъи «Иқтидори институтсионалӣ ва идоракунии маҳаллӣ» мавриди баррасии иштироккунандагон қарор дод. Илова бар он, ӯ самтҳои афзалиятноки фаъолияти Лоиҳаи ДКРИ дар Тоҷикистонро барои 2 соли наздик равшан намуд.

Гузориши рушди инсон барои соли 2010 ҳамчунин се нишондоди нави стратегии Индекси рушди имкомнияти инсониятро ба назар мегирад, ки аз рӯи нобаробарӣ, яъне Индекси нобаробари гендерӣ ва Индекси камбизоатии васеъи меъёрнок танзим гардидаст.

Гузоришҳои рушди инсон аз соли 1990 ҳарсола бо супориши БРСММ тайёр мешаванд, ки таҳияи он вобаста ба БРСММ нестанд. Гузоришҳои рушди инсон фақат аз нишондодҳои иқтисодии муваффақиятҳои миллӣ маълумот медиҳанд ва барои таҳкурсӣ гузоштан ба ҳадафҳои СММ дар соҳаҳои рушд кӯмак мерасонанд, ки дар Ҳадафҳои рушди ҳазорсола инъикос гардидаанд ва ба мониторинги пайдарпайи сартосарии тараққиётро дар самти тандурустӣ, маориф ва стандартҳои умумии сатҳи зиндагонӣ даъват менамоянд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97