Ҷопон роҳро ба Шоҳроҳи Осиё боз мекунад

Хабари хуб 26.11.2010 15:55

Лоиҳаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон роҷеъ ба барқарорсозии роҳи “Дӯстӣ-Панҷи Поён” бо муваффақият ба итмом расид. Дар ин маврид аз Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе ба «Миллат» хабар доданд.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, қарор аст, фардо 27 ноябри соли 2010 дар ноҳияи Қумсангир маросими ифтитоҳ роҷеъ ба итмом расидани лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи «Дӯстӣ-Панҷи Поён», марҳилаи II» бо ширкати ҷаноби Йошиҳиро НАКАЯМА, сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Сейҷи КАЙХО, роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкориҳои Байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Юкиҳико ЭҶИРИ, роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Узбакистон, намояндагони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, ширкатҳои сохмонии машваратӣ ва мардуми маҳаллӣ баргузор шавад.

Қисмати роҳи мошингарди № 384, ки Тоҷикистону Афғонистон ва аз ин тариқ ба кишварҳои дигар роҳ мекушояд, ҳамчун қисмати Шоҳроҳи Осиё ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Дӯстӣ – Панҷи Поён» ба ду марҳила тақсим шуда буд. Соли 2008 дар марҳилаи 1-уми лоиҳа 8,3 км роҳ барқарор шуд ва дар соли 2010 марҳилаи II-уми лоиҳа 15,4 км роҳ дар ҷаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон ба маблағи 1,919 миллиард йен сохта шуд (2,0 миллион доллари ШМА).

Гуфта мешавад, ҳамчунин Ҳукумати Ҷопон кӯмаки бебозгаштро барои қисмати дигари роҳи Дӯстӣ –Қурғонтеппа идома медиҳад, ки анҷомрасии ин лоиҳа соли 2011 ба нақша гирифтааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97