Тоҷиккушӣ дар Русия кам шудааст

Хабари хуб 24.11.2010 10:16

Дар соли ҷорӣ дар Русия 27 ҳодисаи ҳамлаи ё скинхедҳо ба шаҳрвандони тоҷик сабт шудааст. Гуфта мешавад, ки аз миёни афроди осебдида 3 нафар кушта ва дигарон ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, нозирони ҳуқуқи башар дар Русия аз коҳиши ҳолатҳои ҳамлаи ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар гузориш медиҳанд. Бо ин вуҷуд вилояти Маскав маҳалли аслии ҳамалоти ба муҳоҷирони хориҷӣ унвон шудааст.

Идораи ҳуқуқи башар дар Маскав мегӯяд, ки нажодпарастон маъмулан ба шаҳрванди кишварҳои осиёӣ, қафқозӣ ва намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ ҳамла мекунанд.

Раиси ин созмон Александр Брод ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз аввалҳои соли ҷорӣ то 15-уми ноябр дар қаламрави Русия 170 ҳодисаи ҳамлаи тоссарҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст, ки 39 кушта ва 213 захмӣ барҷой гузоштааст.

Соле қабл ин рақам мутаносибан 75 кушта 325 захмӣ ва соли 2008 теъдоди 112 кушта ва 466 осебдида будааст. Ба ин далел ҷаноби Брод аз коҳиши ҳамалоти нажодпарастон дар Русия гузориш додааст.

Вале тибқи омори соли ҷорӣ, дар Русия дар пайи ҳамлаи тоссарҳо чаҳор сокини Доғистон кушта ва ҳашт нафари дигар осеб дидаанд. Дар мавқеъи дувум шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Шаҳрвандони Узбакистон низ дар пайи ҳамалоти тоссарҳои рус талаф шудаанд. Аз ҷумла, ду узбак кушта ва 18 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Тибқи ин гузориш, худи шаҳрвандони Русия низ дар кишвари худ ҳамвора ҳадафи ҳамлаи тоссарҳо қарор мегиранд.

Пештар гузориш шуда буд, ки бархе аз ҷавонони ғайрирус дар қаламрави Русия низ бо таъсиси гурӯҳҳое алайҳи тоссарҳо муқовимат мекунанд ва дар пайи фаъолиятҳои онҳо чанд тан аз тоссарҳо низ кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар охири моҳи гузашта додгоҳи шаҳри Маскав Василий Кривеси 22-соларо ба ҳабси абад маҳкум кард. Кривес, ки додгоҳ ӯро тоссар хондааст, дар қатли 15 табаъаи кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст.

Ба иттилои Би-би-сӣ дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 784 шаҳрванди тоҷик мунтақил шудааст, ки 96 нафар аз онҳо кушта шудаанд. Бархе аз онҳо дар пайи ҳамлаи тоссарҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳар як мавриди кушта шудани тоҷикон дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ мавриди таҳқиқи мақомоти кишвар қарор мегирад.

Ба гуфтаи ӯ воқеъан дар соли ҷорӣ коҳиши теъдоди он идда аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пайи ҳамалоти тоссарон ҷони худро аз даст медиҳанд, мушоҳида шудааст. Вва яке аз далоили ин амр тақвияти фаъолияти нерӯҳои зидахли Русия алайҳи гурӯҳҳои нажодпараст ва тоссарон мебошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97